Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар он сӯи марзи Тоҷикистон ором нест


Мақомот дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки як ҳамлаи мухолифони мусаллаҳ дар минтақаи ноороми Вардуҷро хунсо кардаанд.

Давлатмуҳаммад Ховар, раиси ноҳияи Вардуҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, постгоҳҳои давлатӣ ҳанӯз ҳам дар контроли нерӯҳои низомии афғон мебошанд.

Ба гуфтаи вай, нерӯҳои амниятии афғон дар посух ба ин ҳамла, ду толиби мусаллаҳро кушта ва шаш танро захмӣ намуданд. Вай афзуд, дар натиҷаи ин даргирӣ, як низомии афғон кушта ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон кушта шудани ду тан аз ҷангиёни ин гуруҳ дар ин даргириро таъйид кардааст. Вай ҳамчунин иддао намудааст , ки дар ҳамлаи рӯзи гузашта, панҷ постгоҳи амниятиро ба тасарруф дароварда, даҳ пулисро кушта ва 14 тани дигарро захмӣ намуданд. Аммо мақомоти маҳаллии Бадахшони Афғонистон ин иддаои Толибонро рад намудаанд.

Сарусадоҳо дар мавриди даргирии дигарбора дар Вардуҷ дар ҳоле баланд мешавад, ки дар ду моҳи гузашта нерӯҳои афғон ва НАТО амалиёте густурдаеро алайҳи Толибон дар ин минтақа роҳандозӣ карда буданд.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ки пас аз ақибнишинии Толибон аз деҳоти ноҳияи Вардуҷ ва поксозии 40 деҳа аз дасти онҳо дар авоили моҳи ҷорӣ, ба ин минтақа сафар карда буд, ба нерӯҳои афғон ва НАТО дастур дод, ки амалиёти саркӯбии Толибон, ки ба кӯҳу дараҳо паноҳ бурдаанд, идома ёбад.

Дар ин миён расонаҳои байналмилалӣ аз бозгашти дубораи нерӯҳои НАТО ба вилояти Бадахшон ва истиқори як воҳиди низоми сарбозони олмонӣ дар ин вилоят гузориш додаанд. Ин расонаҳо аз қавли фармондеҳи умумии НАТО дар шимоли Афғонистон гузориш додаанд, ки вазъи амниятӣ дар вилояти Бадахшон ҷиддӣ аст ва ноамниҳо дар ин вилоят як чолиш мебошанд.

Бо таваҷҷуҳ ба наздик шудани фасли гармо, Толибон бо эҷоди гуруҳҳои хурд дар ноҳияиҳои Тагоб, Кишм ва дар минтақаҳое аз Яфталҳо ва ҳавзаи Роғ, мехоҳанд доманаи хушунатро ба ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон бикашонанд.

Мавзеи Вардуҷ дар наздикии марзи ноҳияи Ишкошими вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG