Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гуруҳи ҷиноӣ бо сардории Юсуф Алиматов


Мақомоти тоҷик як узви хонаводаи бонуфузи Алиматовҳоро ҳамроҳ бо ду тани дигар, боздошт кардаанд.

Юсуф Алиматов, зодаи ноҳияи Данғара аз хонаводаи бонуфузи Алиматовҳо, ҳароҳи се нафари дигар, ки дар амалҳои авбошӣ даст доштаанд, аз тарафи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, боздошт шудаанд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия рӯзи 18-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки гурӯҳи зудамали ин ниҳод дар як амалиёт дар ҳафтаи гузашта, Юсуф Алиматовро ҳамроҳи ду нафари дигар боздошт карданд, ки онҳо аз як шаҳрванд 20 ҳазор доллар гирифта, ӯро маҷбур мекунанд, ки аз баҳри ин маблағаш гузарад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
Линки мустақим



Илова бар ин, бо як сокини дигар дар масъалаи маблағ баҳс намуда, дар пои ӯ бо туфангча мепаронанд ва ин шахс ҳамакнун дар бемористон бистарӣ мебошад.

Бар асоси аризаи ҷабридадҳо, кормандони Оҷонсӣ ин гуруҳро, ки сардораш Юсуф Алиматов мебошад, боздошт карданд. Ин гуруҳ тибқи парвандаи ҷиноӣ, бо амали авбошӣ муттаҳам карда шудаанд. Фаттоҳ Саидов меафзояд, ки ин гуруҳи аслан аз 5 нафар иборат буда, ду нафари дигар ҳамакнун дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки Юсуф Алиматов ҳамроҳи бародарони дигараш дар ширкати маъруфи «Сим-Сим» фаъолият доштааст, аммо ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, ӯ дар ягон ширкат кор намекунад ва бекор будааст.

Ҳоло муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасод парванда алайҳи Юсуф Алиматовро таҳқиқ доранд ва ба иттилои ин ниҳод, имкон дорад бо дастгир кардани ду нафари дигари узви ин гуруҳ, амалҳои ҷиноии дигар ошкор шаванд.

Юсуф Алиматов, зодаи ноҳияи Данғара ва аз хонаводаи бонуфузи Алиматовҳо аст, ки падараш дар даврони шӯравии пешин сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё худ пулиси роҳи ин ноҳия будааст.

Ин хонавода аз чанд бародар иборат ҳастанд, ки дар даврони ҷанги дохилӣ, ба унвони қумондонҳои Фронти халқӣ шинохта мешуданд.

Ҳарчанд масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯянд, Юсуф Алиматов дар ҳеҷ ҷо кор намекунад, аммо дар маркази шаҳри Душанбе ширкати тиҷоратии «Сим -Сим» амал мекунад, ки ба хонаводаи Алиматовҳо тааллуқ дорад ва Юсуф низ ҳамроҳ бо бародаронаш дар ин ширкат фаъолият мекардааст.

Дар гузашта Умаралӣ Алиматов, бародари Юсуф Алиматов, барои содир кардани ҷиноят боздошт шуда буд, аммо баъдан озод шуд.
Муҳаммадҷон Алиматов, бародари калонии ин хонавода, мебошад, ки варзишкор буда ва Раёсати федератсияи билярди Тоҷикистонро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG