Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боздошти бомбгузори марафони Бостон рад шуд


Мақомоти амниятии ИМА хабари боздошти бомбгузори эҳтимолӣ дар марафони Бостонгро рад карданд. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки шахсияти бомбгузор ошкор ва ӯ дастгир шудааст. Шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки бомбгузори эҳтимолӣ дар наворҳои ҳадди аққал ду дурбин - яке аз фурӯшгоҳ ва дигарӣ дар бинои шабакаи телевизионии маҳаллӣ падид омадааст.

Нашрияи Boston Globe афзуд, гап сари марде меравад, ки бо борхалтаи сиёҳ дар наздикиҳои ҷойи таркиши дуввум мегашт.

Бар асари ду таркиш дар марафони Бостон се нафар кушта ва беш аз 180 кас маҷрӯҳ шуданд. Бюрои федеролии тафтишоти ИМА хабар дод, ки масъулияти ҳамлаҳо дар марафонро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ба иттилои масъулини ин ниҳоди амниятӣ, бомбҳо бо истифода аз “дегҳои бухори фелизӣ” сохта шудаанд. Дохили онро бо мех ва оҳанпораҳо пур карда будаанд, то шумораи бештари одамон талаф ёбад.

Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе гуфт, таркишҳо дар марафони Бостон чун амали террористӣ таҳқиқ хоҳанд шуд. Ӯ ин бомбгузориҳоро “як амали нафратовар ва буздилона” номид,
XS
SM
MD
LG