Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БДА-и Душанбе "ронандагони саркаш"-ро рейд мекунад


Идораи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе рейди махсусе барои ошкор кардани ронандагони «саркаш» ва вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳро оғоз кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 17-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, кормандони Идораи бозрасии автомобилии пойтахт барои ошкор ва муҷозот кардани ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, рейди махсусеро роҳандозӣ кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи ВКД
Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи ВКД
Ба иттилои Идораи БДА-и Душанбе, ин рейд аз соати 10-и субҳи имрӯз оғоз гардида, таи як ҳафта идома хоҳад кард. Ба таъкиди БДА-и пойтахт, дар як моҳи ахир коҳиш додани теъдоди нозирони БДА дар хиёбонҳои пойтахт, хусусан дар роҳҳои марказӣ, боиси зиёд гаштани қонуншиканӣ аз тарафи ронандагон шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» ният дорад, беш аз 850 адад камера ё дурбинҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе насб кунад.

Ин иқдом дар чорчӯби созишномаи ҳамкорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати «Ҳуавей технолоҷӣ» -и Чин маврид иҷро гузошта мешавад. Ин созишнома рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел аз сӯи Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин санад гуфт, ки ин созишнома таҳвили таҷҳизот барои иҷрои лоиҳаи системаи автоматикунонидаи идораи нақлиёт мавсум ба «Шаҳри бехатар» -ро дар назар дорад.

Ба ин тартиб, дар чорчӯби лоиҳаи «Шаҳри бехатар», ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» 855 адад камера ё дурбинҳои назоратиро ба Душанбе ворид мекунад ва онҳоро дар роҳҳои пойтахт насб хоҳад кард. Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тавассути ронадагон унвон шудааст. Ҳазинаи тарҳ маблағи 22 миллион доллар буда ва аз ҳисоби қарзи давлатӣ амалӣ мешавад.

Иқдоми амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехтар» дар ҳолест, ки нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бештар шудааст.

Гузориши расмӣ низ ҳокист, ки садамаҳои нақлиё тӣ дар ҳоли афзоиш аст ва танҳо дар думоҳи аввали соли ҷорӣ то кунун дар қаламрави Тоҷикистон 234 садама рӯй додааст, ки дар натиҷа 72 нафар кушта шуда, 250 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG