Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Степашин: "Русия хоҳони қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон нест"


Раиси Палатаи ҳисоби Русия гуфтааст, ҳеҷ яке аз мақомоти Русия хостори қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон нест.

Ин нуктаро Сергей Степашин, раиси Палатаи ҳисоби Русия, рӯзи сешанбе пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе баён дошт.

Оқои Степашин аз ҷумла гуфт: «Азбаски дар васоити ахбори умум масъалаи ҳаракати қаторҳо инъикос шуда истодааст, дар ин масъала низ бо президент суҳбат доштем. Ман пешниҳод кардам, ки ноиби сарвазири Русия Владимир Рогозин ба Тоҷикистон ояд ва дар ҳамин ҷо масъала баррасӣ карда шавад. Зеро ин ба масъалаи беҳдоштӣ, тартибу низом ва экология дахл дорад, аммо дар Русия ҳеҷ мақоме мухолифи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба Русия намебошад.»

Ин дар ҳолест, ки Владимир Мочалов, муовини раиси Хадамоти марзбонии Русия, дар пайи тафтиши вагонҳои Тоҷикистон рӯзи 14 апрел таҳти раҳбарии ноиби нахуствазир Дмитрий Рогозин дар вилояти Астрахан хостори қатъи ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон шуд. Геннадий Онишенко, раиси "Роспотребнадзор", ки дар ин рейд Рогозинро ҳамроҳӣ мекард, низ гуфта, ки идораи ӯ тафтиши мӯшикофонаи қаторҳои Тоҷикистонро идома хоҳад дод ва дар ғайри сурати рафъи камбудиҳо низ аз пешниҳоди қатъи ҳаракати ин қаторҳо ҳимоят хоҳад кард.

Дар мулоқоти раиси Палатаи ҳисоби Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, натиҷаи аудити муштараки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои президент гузориш дода шуд. Сергей Степашин якҷо бо раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд. Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар ин дидор ҷонибҳо, ҳамчунин, густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афғонистонро мавриди баҳс қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG