Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулатипов муқарраротро барои зердастонаш сахттар кард


Рамазон Абдулатипов
Рамазон Абдулатипов
Рамазон Абдулатипов,ки муваққатан раҳбарии Доғистонро бар уҳда дорад, изҳор дошт, дар ҳар ҷо, ки тундравҳо фаъолият мекунанд, раҳбари он ҷо бояд аз мақомаш истеъфо диҳад.

Бино ба хабари "Интерфакс", Абдулатипов дар ин маврид маҳаллотеро бо номҳои Гимрӣ ва Губден намуна овардааст, ки дар он ҷойҳо гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи ҳукумати маҳал сӯҳбат мекунанд.

Рамазон Абдулатипов, ки дар гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон низ буд, ба ҷои Муҳаммадсалам Муҳаммадов раҳбари муваққатии Доғистон таин шуд ва Муҳаммадов муовини раиси дафтари Путин дар умури ақалиятҳо таин гардид.
XS
SM
MD
LG