Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба марзбонони тоҷик кӯмак кард


Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе зимни маросиме ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллион доллар кумаки билоивази фаннӣ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати ИМА ин кумак аз нақлиёт ва таҷҳизоти лозима барои неруҳои марзбонӣ таркиб ёфтааст, ки аз сӯи Барномаи мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ шудааст.

Ба таъкиди дафтари матбуоти сафорати ИМА сафир Сюзан Эллиотт дар ин маросим гуфт, ки “ҳукумати ИМА талошҳои давлати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро ҷонибдорӣ мекунад. Таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа мебошад ва неруҳои марзбонӣ дар ин ҷода дар хати аввали дифоъ бар зидди хатарҳои беруна қарор доранд. Аммо онҳо бо имконоти маҳдуд дар манотиқи душворгузар вазифаи муҳими худро иҷро мекунанд», гуфт хонум Элиотт.

Ба ин тартиб, кумаки фаннии ИМА ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз бист адад васоити нақлиёти душворгузар (ВНД), даҳ адад автомобили барфгард, шашсад радиоҳои “Моторола”, сесад пойгоҳи барқии офтобӣ, чилу чор адад таҷҳизоти компутарӣ ва лавозимоти муҳофизатии фардӣ иборат мебошад.

ИМА аз соли 1992 инҷониб аз тариқи барномаи мухталиф ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ кардани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА кумак кардааст.
XS
SM
MD
LG