Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли зиндон барои қатли шаҳрванди Тоҷикистон


Як ҷавони миллатгарои сокини вилояти Самара барои қатли муҳоҷири тоҷик ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Додгоҳ муайян кард, ки Александр Николаеви 21-сола ин кушторро бо сабаби бадбинии миллӣ ба қатл расондааст. Бар асоси ҳукми додгоҳи мунсифа, як сол баъди зиндон Николаев набояд аз қаламрави Самара берун равад. Тафтиш муайян кардааст, ки Николаев бо нияти мубориза бо мавҷи муҳоҷирон 10 сентябр бо корд як роҳрӯби тоҷикро ба қатл расондааст. Баъди боздошташ Николаев нахуст ба гуноҳи содиркардааш иқрор шуд, вале баъдан аз баёноти худ даст кашид. Соли 2012 ӯ аз ҷониби ҳайати додгоҳи мунсифа сафед шуд, вале баъдан, дар паи аризаи додгоҳи вилояти Самара, Додоҳи олӣ ҳукми пешинро бекор кард. Николаев дар гузашта узви созмони зидди муҳоҷирон буда, муассиси як ташаккули миллатгаро низ будааст.
XS
SM
MD
LG