Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева: Ман имкон додам, ки Боқиев биравад


Отунбоева
Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Роза Отунбоева гуфт, дар апрели соли 2010 худи ӯ ба Қурмонбек Боқиев иҷозат дод, ки тарки кишвар кунад. Отунбоева, ки баъди суқути давлати Боқиев раисиҷумҳур шуд ва то декабри соли 2011 бар Қирғизистон раҳбарӣ кард, рӯзи ҷумъа дар нишасте дар Бишкек гуфт, дар машварат бо сарони Русияву Қазоқистону Амрико ва “ба хотири пешгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар” ба Боқиев имкон дод, ки биравад. Боқиев дар пайи эътирозҳои густардаи апрели соли 2010 ба Беларус паноҳ бурд. Моҳи феврал ӯро дар ғайбаш бо ҷурми даст доштан дар як қатли сиёсӣ ба 24 соли зиндон ва бародараш Ҷониш Боқиевро ба ҳабси умрбод маҳкум карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG