Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нави Давлат Назриев дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус


Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Давлат Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба фаъолияти дипломатии худ дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус идома медиҳад.

Давлат Назриев рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел дар поёни брифинги хабарии ин ниҳод эълом дошт, ки вазорати хориҷии Тоҷикистон ӯро ба унвони дипломат дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус баргузидааст.

Ҷаноби Назриев барои ҳамкории тамоми расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар муддати фаъолияташ дар мақоми сухангӯи ин вазорат тақдир кард ва гуфт, умедвор аст, ки ҳамкориҳо минбаъд низ густариш ёбанд. Зеро ба таъкиди вай, вазорати корҳои хориҷӣ сиёсати бозеро бо кишварҳо дорад ва муаррифии кишвар дар сатҳи байналмиилӣ ба суди ин кишвар аст.

Бо он, ки Давлат Назриев дар мавриди ба кадом мақом тайъин шуданаш дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус изҳори беиттилоӣ кард, аммо гуфта мешавад, ки вай ба унвони мушовири сафир баргузида шудааст. Давлат Назриев қаблан ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус анҷоми вазифа мекард.

Зимнан, Давлат Назриев муддати шаш соли ахир дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба унвони сухангӯ ё сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ифоаи вазифа кардааст.

Вале то кунун маълум нест, ки ҷойгузини Давлат Назриев дар мақоми сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG