Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш сокини Шӯрообод қурбонии қочоқи инсон эътироф шуданд


Созмони ҷаҳонии муҳоҷират шаш сокини ноҳияи Шӯроободро ба унвони қурбонии қочоқи инсон эътироф кардааст.

Маҳбуба Шарифова, созмони ҷамъиятии «Марям» рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират пас аз пажуҳиши қазияи даҳҳо тан аз афроди ба гарав афтодаи тоҷик ба дасти қочоқбарони афғон дар ноҳияи марзии Шӯрообод, ба чунин натиҷа расидааст.

Хонум Шарифова мегӯяд, ҳамаи афроди эътирофшуда ба қурбонии қочоқи инсон аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мард ҳастанд ва ин барои бори аввал аст, ки мардон ба унвони қурбонии қочоқи инсон эътироф шудаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ду соли пеш ду зани тоҷикро аз ноҳияи марзии Шӯрообод, ба унвони қурбонии қочоқи инсон эътироф карда буд.

Он замон низ қазияи беш аз даҳ зани ба гаравафтода ба дасти қочочқбарони афғон мавриди омӯзиш қарор гирифта шуда буд ва танҳо ин се зан ҳамчун қурбонии қочоқи инсон пазируфта шудаанд.

Ба ин тартиб Созмони ҷаҳонии муҳоҷират пас аз эътирофи қурбониёни қочоқи инсон ба онҳо кумаки пулӣ ва таҷҳизот барои рӯзгузаронӣ ироа кардааст.
XS
SM
MD
LG