Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рехтани мӯи сар бо бемории дил иртибот доштааст


Пажӯҳишгарони Ҷопон мегӯянд, эҳтимоли гирифтории мардони бемӯй ба бемории дил назар ба мардоне, ки мӯй доранд, бештар аст. Дар мақолае, ки дар маҷаллаи илмии BMJ Open, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, омадааст, мардоне, ки мӯи болои сарашон мерезад, 32 дар сад бештар гирифтори бемориҳои қалб мешудаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарони ҷопонӣ, танҳо ба он мардоне, хатари гирифторӣ ба бемории қалб таҳдид мекунад, ки мӯи сарашон аз боло мерезад, на онҳое, ки аз пешонӣ мӯяшон кам мешавад. Фарзияҳои мухталифе дар ин бора вуҷуд дорад, аммо тавзеҳи рӯшане дар бораи иртиботи рехтани мӯйи сар ва бемории қалб надодаанд. Аммо ба гуфтаи пажӯҳишгарон, сигор, фарбеҳӣ, мизони холестерол ва фишори хун аломатҳои рӯшани бемориҳои қалб ҳастанд, на рехтани мӯйи сар. Таҳқиқ мазкурро абар асоси ташхиси тибби 37 ҳазор мардон дар солҳои 1993 то соли 2008 дар Амрико ва Аврупо анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG