Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрди 7 соата дар Фароҳ 53 нафар кушта шуданд


Мақомоти вилояти Фароҳи Афғонистон мегӯянд, дар ҷараёни ҳамлаи шӯришиён ва задухӯрд бо онҳо 53 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти вилояти Фароҳ мегӯянд, баъд аз ҳамлаи маргталабонаи гурӯҳи Толибон, ки дар назди бинои додгоҳи вилоят бамеро тарконданд, бо шӯришиён задухӯрди мусаллаҳона шурӯъ шудааст. Ин даргирӣ 7 соат идома доштааст.

Ба гуфтаи Наҷиб Дониш-муовини сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон, 34 нафар ғайринизомиён, 6 низомӣ ва 4 корманди пулис кушта шудаанд. 91 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки аксари онҳо шӯришиёни Толиб мебошанд.

Даргирӣ замоне рух додааст, ки мурофиаи 13 нафар Толибон дар додгоҳи вилояти Фароҳ идома доштааст. Вале касе аз афроди мурофиашаванда аз додгоҳ фирор накардааст.

Бинои бонк ва дафтари волии вилоят осеб дидаанд. Масъулияти ин ҳамларо нируҳои Толибон бар уҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG