Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фароҳ Толибон бо нируҳои амниятӣ задухӯрд карданд


Бино ба гузоришҳо аз вилояти Фароҳи Афғонистон, дар ҷараёни ҳамлаи шӯришиён 6 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти вилояти Фароҳ мегӯянд, баъд аз ҳамлаи маргталабонаи гурӯҳи Толибон, ки дар назди бинои додгоҳи вилоят бамеро тарконданд, бо шӯришиён задухӯрди мусаллаҳона шурӯъ шудааст.

Абдулраҳмон Жавандун-сухангӯи волии вилояти Фароҳ ба радиои Озодӣ гуфт, 2 шӯришӣ, 2 корманди пулис ва як зиндонӣ дар дохили додгоҳ кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Жавандун, ин даргирӣ замоне рух додааст, ки мурофиаи 13 нафар Толибон дар додгоҳ идома доштааст. Вале касе аз афроди мурофиашаванда аз додгоҳ фирор накардааст.

Бинои бонк ва дафтари волии вилоят осеб дидаанд. Масъулияти ин ҳамларо нируҳои Толибон бар уҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG