Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 миллион доллар қарзи БОР барои таҷдиди роҳ аз Айнӣ то Узбакистон


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 3-юми апрел дар Иҷлосияи навбатии худ «Созишномаи кредитии миёни Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд оид ба беҳтар намудани роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ то сарҳади Узбакистон»-ро, ки маблағи он ба 100 миллион доллар баробар аст, ба тасвиб расонид. Хабанигори "Озодӣ" Абдулоҳи Ашур аз ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон хабар дод, ки вакилон бо орои тамом Созишномаи кредитии миёни Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд оид ба беҳтар намудани роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ то сарҳади Узбакистон»-ро ба тасвиб раониданд. Акнун дар чаҳорчӯбаи ин санад Бонки осиёи рушд барои таъмиру тармими роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ, дар шимоли Тоҷикистон то марзи Убакистон ҳудуди 100 миллион доллар ба таври бебозгашт кӯмак хоҳад кард.

Дар иҷлосия ҳамчунин созишномаи дигар миёни Бунёди ОПЕК ва Тоҷикистон тасвиб шуд, ки ин Бунёд қарзи имтиёздори 14 миллион долларӣ бо пардохти 2,5 фоиза, барои таъмиру тармими роҳи Айнӣ то сарҳади Узбакистон, ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Тибқи Созишномаи мазкур, Тоҷикистон мувазаф шудааст, ки аз соли 2017 то 2032 қарзи ОПЕК-ро баргардонад. Дар ин созишномаҳои миёни Тоҷикистон бо Бонки осиёи рушд ва дигар созмонҳои бонкӣ, Тоҷикистон барои анҷоми таъмири роҳи Айнӣ то марзи Узбакистон 22 миллион доллар аз буҷаи худ масраф хоҳад кард. Маҷмуан барои сохтмони ин шоҳроҳ 136 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG