Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев ба суолҳои Додситонии кулл посух дод


Раҳбари Қирғизистон иттиҳоми ба ҷайб задани 30 миллион сом аз фойидаи кони "Кумтор"-ро рад кард.

Алмосбек Отамбоев нахустин раиси ҷумҳур дар Осиёи Марказӣ дар таърихи навини минтақа аст, ки ба суолҳои Додситонии кулли кишвараш расман посух гуфтааст.

Айданбек Акмат уулу, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мегӯяд, вакили парлумон Содир Ҷабборов, ки чанд рӯз пеш аз сӯи додгоҳи ноҳияи Якуми Майи Бишкек ба яку ним соли маҳбас маҳкум шуд, раисиҷумҳурро дар ғасби 30 миллион сом (муодили тақрибан 650 ҳазор доллар) аз ҳисоби фойидаи корхонаи тиллои “Кумтор” айбдор карда буд. Ӯ Алмосбек Отамбоевро боз дар он муттаҳам карда буд, ки замони нахуствазир буданаш кони тиллои Иштамбердиро хеле арзон ба чиноиҳо фурӯхтааст.

Иттиҳом алайҳи раисиҷумҳур моҳи октябри соли гузашта дар ҳамоиши ҷонибдорони "Ота Ҷурт",ҳизби мухолифи ҳукумат, дар Бишкек садо дода буд. Зимнан, се вакили парлумон, аз ҷумла, Содир Ҷабборов маҳз дар ҳамон гирдиҳамоӣ, ба иттилои расмӣ, “барои аз байн бурдани сохти конститутсионӣ” даъват карда буданд.

Чанде қабл раҳбари ҷиноҳи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон дар парлумон, ки ҳизби Алмосбек Отамбоев маҳсуб мешавад, аз Додситонии кулл дархост кард то иттиҳоми Садир Ҷабборов алайҳи раисиҷумҳурро тафтиш кунад. Додситонии кулл ҳам дар пояи ин дархост парвандаи ҷиноӣ боз кард. Муфаттишон дар чаҳорчӯби тафтиши парванда чанд суолро ба Алмосбек Отамбоев ироа карданд ва хостори посух ба онҳо шуданд.

Айданбек Акмат уулу мегӯяд, "бино ба посухи раисиҷумҳур, 30 миллион сом як бахш аз якуним миллиард соми ироакардаи ширкати “Сентерра голд инк” ҳамчун фойида аз кони Кумтор барои соли 2011 ба буҷаи Қирғизистон аст ва ин 30 миллион сом ба ҳисоби муассисаи давлатии “Қирғизолтин” гузаронида шудааст ва раисиҷумҳур мегӯяд бо гузашти қариб ду сол ин маблағ ҳоло ҳам дар ҳисоби “Қирғизолтин” аст ва онро касе истифода набурдааст” .

Аммо ба назар мерасад, ки Алмосбек Отамбоев дар посух ба иттиҳоми дуюм оид ба кони тиллои Иштамбердӣ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Ин кон воқеъан ҳам соли 2007-ум, замони нахуствазир будани Отамбоев, дар ихтиёри чиноиҳо қарор дода шудааст. Аммо раисиҷумҳур гуфтааст, ки мавзӯи доду гирифт бо чиноиҳо на аз сӯи нахуствазир, балки аз сӯи комиссиюни вижаи Оҷонси давлатии “Госгеология” ҳаллу фасл шуда буд.

Як ширкати чиноӣ кони тиллои Иштамбердиро бар пояи барномаи давлатии “Захираҳо ба ивази рушд” соҳиб шуд. Чиноиҳо ба ивази кон роҳи мошингарди Ӯш-Саритош-Эркечтамро бунёд карданд. Мутахассисон мегӯянд, ки арзиши корҳо дар ин роҳ тақрибан 25 миллион доллар аст, дар ҳоле, ки захираи кони Иштамбердӣ 24 тонна тилло аст. Бо қимати феълӣ ин миқдор тилло дар бозор беш аз 1 миллиард доллар арзиш дорад. Зимнан, бархе манбаъҳо мегӯянд, ки захираи кони Иштамбердӣ хело бузургтар аз ҳисобу китоби расмӣ, яъне тақрибан 80 тонна тилло мебошад. Дар сурати таъйид шудани ин захира, ба гуфтаи коршиносон, хисорот ба буҷаи Қирғизистон аз созиш бо ширкати чиноӣ миллиардҳо долларро ташкил хоҳад дод.

Ҳанӯз вокуниши Додситонии кулли Қирғизистон ба посухҳои раисиҷумҳур маълум нест. Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, дар сурати пазируфта шудани посухҳо шояд ба иттиҳоми вакили парлумон Содир Ҷабборов банди нав “тӯҳмат ба сарвари давлат” илова шавад. Аммо баъзеҳо имкони тавзеҳи бештар хостани Додситонии Кулл аз Алмосбек Отамбоевро ҳам байид намедонанд.
XS
SM
MD
LG