Қаюм Сомир, сухангӯи Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, рӯзи якшанбе гуфт, ба тахмини онҳо имсол дар 157 ҳазор гектар кӯкнор кишт кардаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазор гектар бештар аст.
Тайи 2 соли ахир, бо вуҷуди талошҳои давлати Афғонистон барои нобуд кардани киштзорҳои кӯкнор, майдонҳои ин рустании маргзо дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон тақрибан 26 ҳазор гектар васеътар шудааст.
Хабарнигори радиои "Озодӣ" бо такя ба баёнияҳои Қаюм Сомир мегӯяд, ҳукумати Афғонистон саъй дорад, ки имсол ҳазорон гектарро аз тухми кӯкнор пок кунад ва аз ҳоло ба иҷрои ин кор дар баъзе аз вилоятҳои Афғонистон шурӯъ кардааст: “Мо феълан дар чаҳор вилояти Афғонистон амалан барномаи маҳви кӯкнорро татбиқ мекунем, дар вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд, Фароҳ ва Нимрӯз. Албатта, ин 30 фисад аз барномаи маҷмӯии маҳви мазореи кӯкнор аст. Дар соли равон мо ҳудуди 15 гектарро ҳадаф қарор додем ва умедворем инро битавонем маҳв кунем.“
Бино ба гузоришҳо, афзоиши қимати маводи мухаддир, аз қабили героину тарёку афюн ва ноамнӣ дар манотиқи ҷанубӣ ва макони аслии кӯкнорпарварӣ дар Афғонистон, ки фаъолияти қочоқбарону кӯкнорпарваронро осонтар мекунад, сабаби кишти бештари кӯкнор шудааст.
Қаюм Сомир, сухангӯи Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, мегӯяд: "Ҳафтоду се нафар аз мухолифини давлати Афғонистон, ки кушта шудаанд, албатта. инҳо касоне ҳастанд, ки ё деҳқононро ҳимоят мекунанд, ки кӯкнор кишт кунанд ва ё деҳқононро маҷбур ба кишти кӯкнон мекунанд. Ва ё ҳам як теъдод аз мофиё ҳаст, ки амалан омаданд, нуфуз карданд ва як миқдор мазореъро худашон кишт кардаанд ва мардуми фақиру бечораи маҳалла ҳимоят мекунанд, то киштзорҳои онҳоро нигоҳубин кунанд. Ин як чолиши фавқуллода бузург аст, ки ниёз ба ҳамкори минтақавӣ дорад."
Ба гуфтаи Қаюм Сомир, дар 17 вилоят кишти кӯкнор ба поён расидааст ва онҳо қасд доранд, ки амалиёти маҳви киштзорҳои кӯкнорро дар 18 вилояти кишвар густариш диҳанд. Соли гузашта мақомоти афғон тавонистаанд, ки дар 10 вилоят ҳудуди 10 ҳазор гектар маводи мухадирро нобуд кунанд.
Барои Тоҷикистон, ки яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ дониста мешавад, афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон хабари бад ва мояи нигаронист. Зеро он метавонад вазъи ҷиноӣ дар кишварро бадтар кунад.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Агентии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, дар ин робита ба радиои "Озодӣ" гуфт: “Табиист, ки агар имсол майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон васеъ шавад ва тавлиди маводи мухаддир афзоиш ёбад, ба вазъи Тоҷикистон таъсир мерасонад. Чун кишт бештар шуд, метавон интизор дошт, ки интиқол ҳам бештар мешавад ва табиист, ки мусодираи маводи мухаддир дар минтақа ҳам зиёдтар хоҳад шуд.“
Тоҷикистон, ки марзи муштараки 1300-километрӣ бо Афғонистон, бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон, дорад, яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дониста мешавад.
Моҳи январи соли равон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қочоқбарон як марзбони 20-солаи тоҷикро кушта, ҳамхидмати дигари ӯро захмӣ карданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар марз ва дар қаламрави кишвар аз гурӯҳҳои қочоқбару афроди алоҳида беш аз 6 тонна ҳероину тарёку афён ва дигар анвои маводи мухаддирро кашфу мусодира кардаанд.