Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамае дар наздикии Хоруғ 6 нафар ҷон додаанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар як садамаи автомобилӣ дар наздикии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон 6 нафар ҳалок ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри баёнияе дар торнамои худ гуфтааст, садама рӯзи 29 март дар роҳе аз сӯи шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Роштқалъа ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вазорат, Хӯҷамёр Рузадоров, сокини ҳамин ноҳия ва ронандаи мошини “УАЗ-452”, меъёрҳои ҳаракат дар роҳро риоят накарда ва мошин ба умқи 150 метрӣ афтидааст. Шаш нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд, бақияро бо захмҳои гуногун ба шифохона бурдаанд. Аксари мусофирони мошин, хонандагони мактаби рақами 39-и ноҳияи Роштқалъа будаанд ва ду нафари онҳо, Бунафшаи 7 сола ва Дианаи 9 –сола дар ин фалокат ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG