Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхон Сосо дар қатли соҳибкор гунаҳгор аст?


Арчил Кбилашвилӣ-додситони Гурҷистон хабарҳоро дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ бар зидди Сосо Павлиашвил-овозхони эстрадии гурҷӣ, ки дар Русия ба сар мебарад, рад кард.

Рӯзи шанбе додситон ба рӯзноманигорон гуфт, дар чаҳочӯбаи расидагӣ ба куштори соҳибкор Автандила Адуашвилӣ дар феҳристи гумонбарон хешовандони Павлиашвилӣ низ ҳастанд ва яке аз боздоштшудагон дар ҷараёни бозпурсӣ бар зидди ин овозхон шаҳодат додааст.

Аммо додситон гуфтааст, ки ин шаҳодат барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ бар зидди овозхон кифоят намекунад.

Рӯзи ҷумъа “шабакаи 9”-и телевизиони Гурҷистон гуфт, ки Сосо Павлиашвилӣ дар ташкили қатли Адуашвилӣ гумонбар дониста мешавад. Сосо аз бачагӣ бо ин соҳибкор дӯстӣ доштааст. Худи Сосо ин иддаоро “сафсата” номидааст.
XS
SM
MD
LG