Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мешавад

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки 28-уми март доир гардид, аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ду қарор имзо шуд, ки яке аз онҳо таҷлили 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 дар саросари кишвар мебошад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 28-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон ду қарор қабул гардид, ки яке аз таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири шарқ Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 ва дигаре таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст.

Бар асоси қарор Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Вазорати молия ва Вазорати маорифи кишвар муваззаф гардиданд, ки барномаи бузургдошти 700-солагии Ҳамадониро дар саросари кишвар таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бузургдошти 680-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ 20 сол қабл дар соли 1995 дар Тоҷикистон таҷлил гардид, ки ба ин муносибат бо маблағгузории Эрон дар канори мазори Алии Ҳамадонӣ осорхонаи ӯ таъсис ва ноҳияи Маскави минтақаи Кӯлоб ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ номгузорӣ шуд. Инчунин, дар рӯи пули миллии арзиши 10 сомонӣ низ акси ин мутафаккир нашр гардидааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Грета Тунберг ба барномаи COVAX-и СҶТ 100000 евро тақдим мекунад

Грета Тунберг як наврасе аз Шведсия аст, ки бо мавқеи фаъолаш дар заминаи ҳимоят аз муҳити зист маъруф шудааст

Фаъоли масоили муҳитзистӣ Грета Тунберг гуфт, ки аз ҳисоби шахсии худ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои харидани воксина дар доираи барномаи COVAX 100 ҳазор евро тақдим мекунад. Барномаи COVAX барои таъмини кишварҳои нодор бо воксинаи зидди COVID-19 эҷод шудааст.

Дар нишасти матбуотии СҶТ ин фаъоли масоили муҳитзистӣ кишварҳои сарватмандро танқид кард, ки, ба гуфтааш, ба эмкунии гурӯҳи ҷавону сиҳҳати аҳолии худ шитофтаанд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои нодор ҳатто барои афроди осебпазир дар баробари коронавирус воксина намерасад.

Тунберг гуфт, пулҳое, ки ба бунёди хайрияи ӯ ворид мешаванд, аз ҳисоби ҷоизаҳо, тақдимҳо ва ҳаққи нашри китобҳояш ба даст меоянд. Ӯ гуфт, барои фаъолияташ пул намегирад ва бо кори хайрия ҳам машғул намешавад.

Аз замони шурӯи пандемияи коронавирус дар саросари сайёра 142 миллион нафар ба ин вирус олуда шуданд, беш аз 3 миллион нафар даргузашт. СҶТ эмкунӣ ба муқобили COVID-19-ро роҳи муассири пешгирӣ аз ин беморӣ меномад.

Айни замон, баландтарин нишондоди эмшудаҳо дар Исроил, ИМА ва Бритониё ба қайд гирифта шудааст. Дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо суръати эмкунӣ бо кундӣ пеш меравад, чун бо нокифоятии воксинаҳо рӯбарӯ шудаанд.

Барномаи COVAX, ки барои пуштибонӣ аз кишварҳои нодор сохта шудааст, ҳадаф дорад, ки аз ҳисоби СҶТ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба ин кишварҳо воксинаҳоро бепул ирсол кунад. Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки то ҳол беш аз 190 ҳазор воя ё доза воксинаи зидди коронавирус дарёфт кардааст ва қарор аст се баробар бештар воксинаи дигарро дарёфт кунад. Вале ин миқдор на бештар аз 20 дарсади аҳолии Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бо Русияву Чин имкони дарёфти воксинаҳои сохтаи ин кишварҳоро баррасӣ мекунанд, вале ҳанӯз натиҷае маълум нест. Дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ 13308 нафар ба коронавирус олуда шуда 90 нафар ҷон додаанд, вале омори воқеӣ метавонад ба маротиб бештар бошад, чунки мақомот дар Тоҷикистон вуҷуди коронавирус ва марги инсонҳо бар асари онро дар оғоз чандин ҳафта пинҳон карданд.

Табибонеро, ки барои дидани Навалний рафта буданд,  ба зиндон роҳ надоданд

20 апрел, зиндони рақами 3-и шаҳри Владимир. Анастасия Василева (аз чап) - табиб ва муттафиқи Алексей Навалний дар пушти дари зиндоне қарор доранд, ки чанд рӯз пеш ба беморхонаи он мунаққиди Кремлинро интиқол доданд.

Гурӯҳи табибоне, ки дар талоши санҷидани саломатии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний мебошанд, дубора ба зиндон роҳ дода нашуданд. Ин дар ҳолест, ки баъди се ҳафта гуруснанишинии Навалний саломатии ӯ бад шуда, табибони ӯ метарсад, ки ҳар лаҳза дили ӯ аз кор мемонад. Анастасия Василева, духтури хусусии Навалний ва раиси Иттиҳоди табибони Русия рӯзи 20 апрел гуфт, ки гурӯҳи мутахассисони тиб пушти дари зиндон рафта дархост карданд, ки онҳоро барои дидани Навалний роҳ диҳанд, вале дар пушти дари зиндон соатҳо бенатиҷа интизор монданд. Ӯ гуфт, баъдан ба онҳо гуфтанд, ки соати 8-и субҳ бо шиносномаҳояшон баргарданд. Василева дар Твиттераш навишт: «Моро ба дохил роҳ надоданд».

Дар миёни табибоне, ки хостори муоинаи саломатии сахттарин мунаққиди президенти Русия Владимир Путин шуданд, аз ҷумла, як духтури умумӣ ва як духтури дил мебошанд. Онҳо ҳафтаи гузашта дар номае ба унвонии раёсати низоми зиндонҳо дархост карда буданд, ки онҳоро барои муоинаи Навалний роҳ диҳанд.

Дар пасманзари моҷароҳои ҷосусӣ, ВКХ Русия сафири Булғористонро даъват кард

Анастас Крастин, сафири Булғористон дар Русия

Бо гузашти як моҳ аз ихроҷи ду дипломати рус аз шаҳри София, сафири Булғористон дар Маскав ба вазорати хориҷаи Русия даъват шуд. РИА Новости гуфт, ки ин мулоқот 20-уми апрел барпо гардид. Вазорати хориҷаи Булғористон рӯзи 22-юми март ду дипломати русро “персона нон грата” ё “шахсони мамнӯъ-ул-вуруд” номид ва ин қарорро ба фаъолиятҳои “номуносиб” бо мақоми дипломатии онҳо рабт дод.

Он замон сафорати Русия қарори мақомоти Булғористонро “бепоя” номид ва гуфт, ки ҳақи худ барои интиқом гирифтанро ҳифз мекунад. Булғористон бо Русия равобити наздики фарҳангӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ дорад ва як шарики калидии энержии ин кишвар ба шумор меравад. Вале чандин моҷарои ҷосусии ахир равобити Маскаву Софияро халалдор кардааст.

Ҳафтаи гузашта исми як тоҷири силоҳ аз Булғористон дар моҷарои нави дипломатии миёни Прага ва Маскав ёд шуд. Мақомоти Ҷумҳурии Чех рӯзи 17-уми апрел ҷосусони низомии Русияро ба таркиши маргбори анбори силоҳе дар соли 2014 дар хоки кишварашон рабт доданд. Дар ин таркиш ду нафар кушта шуд.

Рӯзи 19-уми март мақомоти Булғористон дар НАТО гуфтанд, ки як гурӯҳи ҷосусонеро ошкор карданд, ки ба Русия асрори низомӣ медод.

Додситонҳо гуфтанд, ки шаш нафар, аз ҷумла афсарони собиқ ва амалкунандаи низомӣ бо иттиҳоми таъмин кардани сафорати Русия дар София бо иттилои махфии низомӣ дар бораи Булғористон, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо боздошт шуданд.

Додгоҳи низомии София амр дод, ки панҷ нафари онҳо дар боздошт бимонанд ва як гумонбари дигар бо гаравпулӣ озод шуд.

Аз октябри соли 2019 кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО панҷ дипломат ва кормандони сафорати Русияро барои фаъолиятҳои ҷосусӣ аз хокашон берун кардаанд.

Дар паи  ҳамлаҳои Толибон дар шимол ва ғарби Афғонистон 12 нафар кушта шуд

19 апрел, вилояти Қандаҳор. Дар бомбаи ҷогузоришуда мошини як фармондеҳи маҳаллии таркид

Мақомот гуфтанд, ки дар паи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи шаби 20-уми апрел, дастикам 12 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуданд. Дар ҳамлае, ки ба посгоҳи амниятии ноҳияи Зебоки вилояти шимолии Бадахшон рух дод, дастикам ҳашт ходими полис кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шуданд. ТВ “Тулӯъ Нюс” хабар дод, ки дар ин ҳамла чанде аз ҳамлагарон ҳам кушта шуданд. Дар вилояти ғарбии Ҳилманд ба иттилои мақомот, дастикам ду узви нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Дар як таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди қароргоҳи полиси Ғориён дастикам 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарияти вилояти Ғазнӣ гуфт, дар миёни маҷрӯҳон тахминан даҳ фарди мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон мебошанд. Дар натиҷаи ин таркиш чор манзил хароб шуда, бисёр дигар хонаҳо қисман осеб диданд. Полис гуфт, ки дар шаҳри Кобул як афсари артиш ва ронандааш аз тири ҳамлагарони ношинос кушта шуданд.

Масъулияти таркиши мошин ва ҳам ҳамла ба посгоҳро Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Мақомоти ҳукуматӣ ҳам масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши Толибон вогузор карданд.

Ихроҷи сафири Фаронса аз Покистонро ба овоздиҳии парлумон мегузоранд

25 июни соли 2020. Нахуствазири Покистон Имрон Хон дар назди парлумон суханронӣ мекунад

Вазири умури дохилии Покистон гуфт, ки дар паи эътирозҳои пурхушунати исломгароён ба муқобили Фаронса, ҳукумати Покистон мавзӯи ихроҷи сафири Фаронсаро аз хокаш ба овоздиҳии парлумон мегузорад. Ихроҷи сафири Фаронса аз кишвар як талаби асосии ҳизби ифротгарои “Таҳрики Лаббайки Покистон” аст, ки давоми моҳҳои дароз зидди нашри карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар Фаронса эътирозҳо ташкил кардааст. Ин гурӯҳ аз ҳукумат талаб намуд, ки то 20-уми апрел сафирро аз хоки кишвар берун кунанд. Феълан раҳбарияти худи ҳизб барои шарҳи таҳаввулоти ахир дастрас нест. Баъди он ки соли гузашта президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз ҳақи маҷаллаи ҳаҷвӣ дар заминаи бознашри карикатураҳои Муҳаммад пайғамбар ҳимоят кард, ҳизби “Таҳрики Лаббайки Покистон” мардумро ба хиёбонҳо бароварда зидди ин амали, ба қавли ҳомиёни дини Ислом куфр, эътирозҳо барпо намуд. Дар задухӯрди ахири миёни эътирозгарон ва полис дастикам се нафар кушта шуд. Сафорати Покистон аз шаҳрвандонаш тақозо кардааст, ки хоки Покистонро тарк кунанд.

Як фаъоли ҷамъиятӣ дар Қазоқистон ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд

20 апрел, Муродбой Боймагомбетов

Додгоҳе дар ҷануби Қазоқистон ба як фаъоли ҷонибдори ҷумбиши мамнӯи “Интихоби демократии Қазоқистон” ҳукми ҳабси шартӣ содир кард. Ӯ яке аз чандин фаъолоне мебошад, ки барои пуштибонӣ аз созмони мамнӯъ ҳукм мегирад. Додгоҳи рақами 2-и воқеъ дар шаҳри ҷанубии Қизилорда рӯзи 20-уми апрел Муродбой Боймагомбетовро ба ду соли ҳабси шартӣ ва 170 соат кори ҷамъиятӣ маҳкум кард. Боймагомбетов, ки сентябри порсол боздошт шуд, дар сӯҳбат бо Бахши Қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки аз болои ин ҳукм шикоят мекунад. Боймагомбетов дар минтақа ба ҳайси фаъоли ҷамъиятӣ шинохта шудааст ва баъди боздошти ӯ созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқ ӯро зиндонии сиёсӣ эълон карданд.

Дар Қазоқистон солҳои охир чандин фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ барои пуштибонӣ аз ҷумбиши мамнӯи “Интихоби демократии Қазоқистон” ва шарикаш – ҳизби “Коше” (“Кӯча”) барои ширкат дар тазоҳуроти хиёбонӣ бо ҳукми додгоҳҳо ба маҳдуд шудани озодиҳояшон маҳкум шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хост, дар табобати коронавирус доруҳои исботнашуда истифода нашаванд

Қирғизистон. Беморхонаи гирифторони COVID-19

Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон нусхаи 5-уми дастурамал оид ба ташхис ва табобати мубталоёни коронавируси навро нашр кард.

Дар миёни тавсияҳо барои табобати коронавирус номи решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл, ки пештар вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев пешниҳод карда буд, дида намешавад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, табибон ҳангоми табобат набояд аз доруҳое истифода баранд, ки коромодии онҳо тасдиқи худро наёфтааст. Ба гуфтаи масъулони вазорат, умифеновир (арбидол), имидазолилпантонамид (ингавирин), эргоферон, интерферони алфа (интерферон, виферон), энисомия йодид (амизон, амизончик, нобезит), полиоксидоний ва инозин аз зумраи чунин доруҳо ҳастанд.

Тавсияи доруҳои дексаметазон, преднизолон, гидрокортизон, химсмеси, теофиллин, эуфиллин, калтсия хлориду оселтамивир дар ҳолатҳои сабук ва миёнаи коронавирус манъ карда шудааст.

Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Сафири ИМА дар Маскав барои машварат ба Вашингтон меравад

15 июни соли 2020. Сафири ИМА дар Маскав Ҷон Салливан бо матбуот сӯҳбат мекунад

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан гуфт, ки дар пасманзари афзоиши таниш дар равобити Вашингтону Маскав ҳафтаи ҷорӣ барои машварат ба ИМА парвоз мекунад. Равобити миёни ду кишвар вориди марҳилаи нави пуртаниш шуд ва президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки барои ҳамлаҳои рахнагарон, мудохила ба интихобот ва таҳдид ба сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон нисбати мақомоти Русия таҳрим ҷорӣ мекунад. Қазияҳои зиндонӣ шудани мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, таҷаммӯи нирӯ дар марзҳои шарқии Украинаву нимҷазираи Қрим ва дахолати эҳтимолии Русия дар таркиши хунини соли 2014 дар як амбори силоҳи Ҷумҳурии Чех ба ин танишҳо афзудааст. Сухангӯи сафорат Ребекка Росс рӯзи 20-уми апрел аз номи Салливан гуфт, “ба ин бовар ҳастам, ки бояд мустақим бо ҳамкорони навам дар маъмурияти Байден дар Вашингтон дар бораи вазъи имрӯзаи равобити дуҷонибаи ИМА ва Русия ҳамсӯҳбат шавам”. Салливан гуфтааст, ки чанд ҳафта баъд, шояд ҳам дар остонаи мулоқоти миёни президентон Байден ва Путин, ба Маскав бар хоҳад гашт.

Мақомот: Нақша 80 дар сад иҷро шуд. Сокинон: "Облава" давом дорад

Сокинон пайваста аз даъват ба артиш аз роҳи зур шикоят мекунанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 рӯзи мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш нақша беш аз 80 дарсад иҷро шудааст.

Фариддун Маҳмадализода, сухангуи ин ниҳод, имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи иҷрои нақша ба пуррагӣ баромадаанд. Дар вилояти Суғд 67 дарсад, вилояти Хатлон 79 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 91 дарсади нақша пур шудааст.

Аз оғози мавсими имсолаи даъват ба хизмат наворҳои сершумори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марвидҳои сарбозшикор ва ё "облава" расонаӣ мешаванд.

Охири ҳафтаи гузашта дастгоҳи президенти Тоҷикистон дар ҷавоб ба муроҷиати гуруҳе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба поён додани "облава" ба Вазоратҳои мудофиаву корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл баррасии масъаларо супориш додааст.

Дар Тоҷикистон соле ду бор ҷавонони синнни даъватро ба ратиш ҷалб мекунанд. Сокинон пайваста аз даъват ба артиш аз роҳи зур шикоят мекунанд.

Дармони COVID-19 бо решаи гиёҳ. Додситонӣ даъво зидди вазири қирғизро месанҷад

Вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев ҳангоми гирифтани ваксина.

Даъвои фаъоли ҷамъиятии Қирғизистон Умай Ариковаро зидди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев додситонӣ баррасӣ мекунад. Дар ин бора аз додситонии Қирғизистон ба расонаҳо иттилоъ доданд.

Умай Арикова зидди вазири тандурустӣ рӯзи 16-уми апрел ба додгоҳ шикоят бурд. Вай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки ба фаъолияти вазир баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Ҳамин гуна даъво аз сӯи фаъоли ҷамъиятӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар ирсол шудааст. Умай Арикова мегӯяд, амали вазири тандурустӣ ҷиноят аст ва ба амнияти кишвар хатар дорад.

Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Душанбеву Маскав масъалаҳоеро, ки "ҳалли фавриро тақозо мекунанд", баррасӣ карданд

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон Русия дар Душанбе.

Дар Душанбе музокироти Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили муҳоҷират баргузор шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин музокирот, масъалаҳое, ки "ҳалли фавриро тақозо мекунанд", баррасӣ шудааст. Дар ин бора шарҳи бештар ироа нашудааст. Аммо чанд рӯз пеш муовини вазири корҳои дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла аз Тоҷикистон хоста буд, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар музокироти рӯзи 19-уми апрел ҳайати Тоҷикистонро Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҷониби Русияро Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии он кишвар, раҳбарӣ карданд. Дар музокирот намояндагони вазорату идораҳои ду кишвар ҳузур доштаанд.

"Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт",-омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ин музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд. Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд.

Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд. Аммо намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дар вақти ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия "зиёдаравӣ шудааст".

Тоҷикистон аз Чин 150 ҳазор воя ваксинаи "Коронавак" мегирад

Ваксинаи чинӣ зидди КОВИД-19. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, кишвар аз Чин 150 ҳазор вояи ваксинаи "Коронавак" мегирад. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабаргузории русии "Спутник" гуфтааст, ин ваксинаҳо барои Тоҷикистон ройгон хоҳанд буд. Ба гуфтаи Ҷаъфаров, тавофуқ барои интиқоли ваксинаҳо аллакай ҳосил шудааст.

"Ин теъдод ваксина замоне интиқол хоҳад ёфт, ки ҷониби Чин теъдоди мавриди назарро омода мекунад ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон нақлиёти ҳавоиро фароҳам хоҳад сохт",-гуфтааст Навруз Ҷаъфаров.

Пешниҳоди интиқоли ваксинаи чинӣ пештар дар ҷараёни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин садо дод. Дар он суҳбат, раиси ҷумҳури Чин гуфт, кишвараш омода аст, ки ба Тоҷикистон ваксина зидди COVID-19 диҳад.

Тоҷикистон то имрӯз 192 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” гирифтааст ва то имрӯз 35 ҳазор нафарро зидди коронавирус эм кардаанд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ COVAX ва ройгон ба Тоҷикистон дода шуд.

Пештар масъулини Вазорати тандурустӣ гуфта буданд, барои ворид кардани ваксинаи русии "Спутник V" ва ваксинаи "Синовак" аз Чин гуфтугӯ доранд. Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳад аз Чин ваксина бигирад, ки то ҳол Созмон ҷаҳонии тандурустӣ бехатарии онро ваксинаи чиниро тасдиқ накардааст.

Неруҳои Русияву Сурия ба шимолу шарқи Палмир ҳамла карданд

Неруҳои русӣ дар Сурия.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, рӯзи душанбе ба "пойгоҳи террористон" дар шимолу шарқи Палмири Сурия ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Ба навиштаи хабаргузории Arabnews, неруҳои низомиву кайҳонии Русия, баъди тасдиқи иттилоъ дар бораи ҷойгиршавии ин нерӯҳо, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода, наздики 200 ҷангҷӯро куштаанд.

Ба иттилои Маркази сулҳофаринӣ миёни тарафҳои даргир ва назорати кӯчидани фирориён дар Сурия, дар шимолу шарқи Палмир ҷангҷӯён пойгоҳи махфие бунёд мекарданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия баҳори соли 2011 аз даргирии шаҳрвандӣ шуруъ шуд ва ба шуриш зидди низоми Башор Асад печид. Баъдтар ба ин ҷанг кишварҳои муҳими минтақа, созмонҳои байналхалқӣ, гуруҳҳои низомиву сиёсӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ шомил шуданд.

Узбекистон 300 000 моя ваксинаи "Спутник V" дарёфт мекунад

Ваксинаи "Спутник".

Интизор меравад, Узбекистон то охири моҳи апрели соли равон 300 000 моя ваксинаи русии зидди коронавирус -- "Спутник V"-ро дарёфт кунад. Дар ин бора сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавирус дар шаҳри Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи сарвазири Узбекистон, қарор аст, кишвараш то охири моҳи равон 1 миллион моя ваксинаи чинии зидди коронавирус дарёфт кунад.

Орипов афзуд, ки сокинони Узбекистон метавонанд яке аз ин ду ваксинаро интихоб намоянд.

Пештар хабар дода шуд, шумори узбекистониҳое, ки бо ваксинаи зидди коронавируси нав эм шудаанд, аз 400 ҳазор гузаштааст.

Донишҷӯйи тоҷик дар Русия мегӯяд, ба раҳоии муҳоҷирон кумак кард, вале худ ба ёрӣ муҳтоҷ шуд

Охун Раҳимов

Охун Раҳимов, магистри Донишгоҳи Санкт-Петербург аз Тоҷикистон, мегӯяд, аз сӯйи пулиси ин шаҳр боздошту шиканҷа шудааст. Мақомоти пулис қазияро шарҳ надоданд, аммо як масъули Ҳизби "Справедливая Россия" тасдиқ кард, ки Раҳимов дар боздоштгоҳ буд ва танҳо бо ёрии онҳо раҳо шуд. Ӯро рӯзи 2-юми апрел дастгир карда будаанд.

Вақте ба бахши пулис рафтем, онҳо нигарон шуда, мепурсиданд, ки ин муҳоҷир бо Шумо чӣ робита дорад. Аз хондани айбнома маълум шуд, ки далелҳояшон асос надорад.
Игор Охтин

Раҳимови 24-сола мегӯяд, мушкили ӯ баъд аз он сар шуд, ки барои аз дасти маъмурони пулис озод кардани як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек кӯшиш кард.

"Чанде пеш як гуруҳ аз муҳоҷирони узбек, ки қаблан бо онҳо шинос будам, хостанд, барои раҳо шуданашон аз боздоштгоҳ ёрӣ кунам. Ба бахши 51-уми пулиси ноҳияи Московскийи шаҳри Санкт-Петербург рафтам. Асосҳои қонунгузории Русияро дар донишгоҳ омӯхтаам ва тавонистам бо машварати ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони узбек, онҳоро аз боздошт раҳо кунам", -- нақл кард ӯ рӯзи 19-уми апрел.

Акмал Муҳаммадиев, муҳоҷири корӣ аз Узбекистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки онҳо дар як сохтмон дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд ва, воқеан, тақрибан се ҳафта пеш дастгир шуда буданд.

Баъд аз раҳоии муҳоҷирони узбек, ба ӯ хабар расондаанд, ки чанд муҳоҷири тоҷик низ ба бахши пулис оварда шудааст. Охун Раҳимов мегӯяд, ба кумаки онҳо шитофт, вале дар ниҳоят, маъмурони пулис худашро дастгир кардаанд.

"Либосу ҳамён ва телефонамро гирифта, вориди утоқи сард карданд. То ҳол месулфам. Пеш аз боздошт мегуфтанд, ки барои худ дарди сар эҷод мекунӣ. Ҳангоми боздошт шиканҷа карданд. Ман фақат мехостам ба муҳоҷирон кумак кунам. Сипас, ба Маркази кумаки ҳуқуқии Ҳизби "Справедливая Россия" занг задам ва онҳо барои раҳоии ман ёрӣ карданд", -- нақл кард ӯ.

Раҳимов гуфт, намояндаҳои ин ҳизб аз ӯ хостаанд, санадҳои заруриро дар ихтиёри онҳо гузорад ва ин қазияро то ба додгоҳ мебаранд. Ба гуфтаи вай, ҳизбиён ваъда додаанд, ки ба Охун Раҳимов ду вакили дифоъ ҳам медиҳанд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани назари масъулини бахши 51-уми пулиси ноҳияи Московскийи шаҳри Санкт-Петербург то ин дам бенатиҷа анҷом ёфт.

Игор Охтин, масъули Маркази кумакҳои ҳуқуқии Ҳизби "Справедливая Россия" мегӯяд, "вақте ба бахши пулис рафтем, онҳо нигарон шуда, мепурсиданд, ки ин муҳоҷир бо Шумо чӣ робита дорад. Аз хондани айбнома маълум шуд, ки далелҳояшон асос надорад. Маъмурони пулис ба раҳо кардани Охун Раҳимов розӣ шуданд."

Ба хотири ҳалли ниҳоии масъала Охун Раҳимов тасмим гирифтааст, агар тавассути додгоҳ муваффақ нашавад, пас, таҳсилро тарк карда, ба нишони эътироз ба ватан бармегардад: "Шояд, чунин амр кумак кунад, ки мақомоти Русия ба мушкилоти кору зиндагии садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ дар ин кишвар таваҷҷӯҳи бештар кунанд."

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст.

То замони пандемия онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар мефиристоданд. Соли гузашта бо сабаби бемории коронавирус ва баста будани марзҳо бахши аъзами онҳо дар кишвар монданд. Ба иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, соли 2020 аз Тоҷикистон тақрибан 130 ҳазор кас ба муҳоҷират рафтаанд. Ҷониби Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар тақрибан як миллион нафар медонанд.

Аввалин парвози чархбол ба Миррих

Чархболи Ingenuity

Оҷонсии парвозҳои ҳавоии ИМА НАСА гуфт, ки 19-уми апрел нахустин бор як роботи чархболи хурде ба сатҳи сайёраи Миррих баланд шуд ва дар сатҳи он парвози идорашаванда анҷом дод. Мудири тарҳ Мими Аунг гуфт, “акнун мешавад гуфт, ки инсон дар рӯи чархбол дар сайёраи дигар ҳам парвоз анҷом дод”. Намоиши ин саҳнаро НАСА тавассути YouTube ба роҳ монд:

Нозирони парвоз дар Калифорния тасдиқ карданд, ки чархболи хурди Ingenuity бо вазни 1,8 кг тавассути миррихгарди Perseverance, ки аз фосилаи 65 метр назорат мекард, парвози кӯтоҳмуддате анҷом дод. Тими Аунг се соат интизор шуд, ки натиҷаи парвози барномарезишуда дар фосилаи 287 миллион километрро бифаҳмад.

Феълан иттилои зиёд дар даст нест, вале маълум аст, ки дар аввал НАСА мехост парвоз 40 сония идома кунад. Бояд чархбол ба баландии 3 метр парида, дар ҳаво 30 сония бимонад ва баъдан ба самти миррихгард ҳаракат карда дар назди он бинишинад. Барои анҷоми чунин парвоз дар мадоре, ки зичиаш аз Замин тафовути зиёд дорад, қаноти чархбол бояд дар яке дақиқа 2500 бор тоб мехӯрд ва ин панҷ баробар босуръаттар назар ба Замин мебошад.

Барои сохтани ин чархболи хурд бо баландии 0,5 метр беш аз шаш сол сарф шуд.

Ingenuity батареяи офтобӣ ҳам дорад. То моҳи оянда озмоишҳо идома меёбад. Дар умум, фикри донишмандон ин аст, ки Perseverance ва Ingenuity баъди даҳ сол ба Замин баргарданд.

Блинкен аз қарори хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар нишасти хабарӣ дар сафорати Амрико дар Кобул

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз қарори ИМА дар заминаи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард ва гуфт, ки таҳдиди терроризм ҳама ҷо паҳн шудааст ва Вашингтон ҳоло бояд “нирӯву захираҳои худро” ба масоили муҳими дигари мисли пандемияи COVID-19 ва тағйироти иқлим равона кунад. Блинкен, ки 18-уми апрел бо телевизиони ABC сӯҳбат мекард, гуфт, “таҳдиди терроризм ба дигар маконҳо паҳн шудааст. Ва мо масоили дигари муҳиме дорем, аз ҷумла, аз равобит бо Чин, аз ҷумла, муқобила бо тағйироти иқлим сар карда то COVID”. Президент Ҷо Байден рӯзи 14-уми апрел эълон кард, ки ИМА ҳамаи нирӯҳои боқимондашро пеш аз 11 сентябр аз Афғонистон берун мекашад. Хуруҷи нирӯҳо бо ин вуҷуд сурат мегирад, ки музокироти сулҳи Афғонистон, ки миёни ҳукумат ва Толибон ҷараён дорад, бо мушкил пеш меравад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан, ИМА сари масоили таҳдиди терроризм аз Афғонистон тамаркуз хоҳад кард. Айни замон ӯ таъкид кард, ки баъди рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон “касе замонат дода наметавонад, ки дар дохил чӣ хоҳад шуд”. Ӯ гуфт, тамоми коре, ки ИМА барои нирӯҳои амниятии Афғонистон, ҳукумат ва мардумаш карда метавонад, ин таъмини захираву имкониятҳо, тамрин, муҷаҳҳазкунии нирӯҳо ва ёрӣ ба ҳукумат мебошад. Салливан рӯзи 18-уми апрел дар сӯҳбат бо Fox News гуфт, “фурсати он расидааст, ки нирӯҳои амрикоӣ ба хона баргарданд ва мардуми Афғонистон кишвари худро худаш дифоъ кунад” .

Хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, Навалнийро ба беморхонаи зиндон интиқол доданд

Акс аз 29-уми июли соли 2019. Алексей Навалний дар як беморхонаи Маскав

Мақомоти зиндонҳои Русия гуфтанд, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалий ба бемористони зиндон интиқол меёбад. Ин қарор дар ҳоле гирифта шуд, ки мунаққиди Кремлин 20 рӯз мешавад, ки гуруснанишинӣ эълон карда, хабарҳо аз якбора бад шудани саломатии ӯ ба даст мерасанд. Дар изҳороти хадамоти зиндонҳои Русия рӯзи 19-уми апрел гуфта шуд, ки “феълан саломатии А.Навалний қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ӯро ҳамарӯза духтур муоина мекунад. Бо ризоияти бемор, ӯро бо витамин муолиҷа мекунанд”.

Пеш аз ин духтури хусусии Навалний ва се табиби дигар, аз ҷумла, духтури дил дар номае ба раҳбарияти Хадамоти федеролии зиндонҳо бо таъкид ба ин ки “ҳар лаҳза” метавонад дили Навалний аз кор монад, талаб карданд, ки барои муоинаи ӯ иҷоза диҳанд.

Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний ҳушдор дод, ки агар ба зудтарин фурсат чораандешӣ нашавад, Навалние, ки чанд моҳ пеш аз ин аз заҳролудшавӣ бо заҳри низомии “Новичок” табобат гирифтааст, метавонад дар рӯзҳои башумор “ҳалок шавад”.

Вазъи Навалний равобити то имрӯз бадшудаи миёни Русияву Ғарбро бадтар мекунад. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 18-уми апрел гуфт, ҳукумати ИМА ба Русия гуфтааст, ки агар Навалний дар зиндон “бимирад”, ин ҳолат “паёмад хоҳад дошт”.

Қазияи Навалний рӯзи 19-уми апрел дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад. Жозеп Боррелл, дипломати аршади аврупоӣ дар остонаи нишасти ИА ҳушдор дод, ки Маскавро барои вазъи сиҳҳатии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ҷавобгар хоҳад кард.

Навалний моҳи августи порсол замоне, ки аз як сафари корӣ дар Сибир ба Маскав бармегашт, аз ҳуш рафт ва баъди ин озмоишгоҳҳои аврупоӣ гуфтанд, ки ӯро бо заҳри “Новичок” заҳролуд кардаанд. Худи Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар амр додани заҳролудкунии ӯ айбдор кард, вале Кремлин ин иттиҳомро рад кардааст. Моҳи феврали имсол, вақте Навалний аз муолиҷа дар Олмон баргашт, додгоҳ ӯро барои, ба гуфтааш, вайрон кардани қарори додгоҳи соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.

18-уми апрел муттафиқони Навалний аз мардум даъват карданд, ки рӯзи 21-уми апрел, пеш аз он ки ба Навалний “осеби ислоҳнопазир” расонида шавад, ба эътирозҳои дастаҷамъӣ бароянд. 19-уми апрел яке аз муттафиқони дигари Навалний - Владимир Милов эълон кард, ки ба хотири боздошт нашуданаш кишварро тарк мекунад.

Муҳоҷирони "ғайриқонунӣ"-и тоҷик дар Русия чӣ қадаранд? Ҳисоби мушкили Маскаву Душанбе

Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон талош доранд, ки барои кор худро ба Русия бирасонанд

Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дар вақти ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия "зиёдаравӣ шудааст".

Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд. Маскав ба ин гуруҳи муҳоҷирон то 15-уми июн муҳлат додааст, ки будубоши худро қонунӣ кунанд, дар акси ҳол номашон ба рӯйхати шахсони “мамнуъ-ул-вуруд” дохил мешавад.

Дар Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфтанд, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия ба он миқдоре нест, ки Маскав ҳисоб кардааст. Зоҳир Мирзоев, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, омори мақомоти рус дар бораи теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба воқеият рост намеояд.

Мирзоев гуфтааст, дар ин кор зиёдаравӣ сурат гирифта, Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро барзиёд ҳисоб кардааст.

Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат далел овардааст, ки омори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда, аксарияти онҳо бо ҳуҷҷатҳои дигар ба Тоҷикистон рафтаанд ва ҳоло онҷо қарор доранд.

Изҳори назари ин мақомдори тоҷик пас аз он садо дод, ки Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд. Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, хост, то 15-уми июни имсол ба шуъбаҳои ноҳиявии идораи муҳоҷират дар Русия ҳозир шуда, будубоши худро қонунӣ гардонанд.

Барои суол ва пурсиш дар ин замина шаҳрвандон метавонанд, ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои зерини Русия муроҷиат кунанд:

Маскав: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;

Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

Новосибирск: +7(965)3586161;

Уфа: +7 (915) 4883223;

Краснодар: +7(929)540 88 88;

Хабаровск: +7 (909)809 5548;

Астрахан: +7(977)2720001.

Навалнийро ба беморхона мебаранд

Намоиши эътирозӣ дар Бритониё ба пуштибонии Навалний

Мақомоти низоми зиндонҳои Русия гуфтанд, ки Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон ба беморхона интиқол дода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки “аҳволи ӯ қаноатбахш” аст.

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз он ки табибон ва сухангӯи Навалний ҳушдор доданд, ки ӯ бар асари гуруснанишинӣ ба марг наздик шудааст, вазъи нигаҳдории мунаққиди зиндонии Кремлро "комилан беинсофӣ" номид.

Байден рӯзи 17-уми апрел ба рӯзноманигорон гуфт, "ин комилан, комилан беинсофона ва комилан номуносиб аст".

Қаблан хабар дода буданд, ки саломатии Алексей Навланий босуръат бад шудааст. Ба гуфтаи табиби шахсӣ ва се табиби дигар "ҳар дақиқа" имкони аз кор мондани тапиши дилаш вуҷуд дорад.

Пизишки Алексей Навланий дар ин бора рӯзи 17-уми апрел дар як мактуб ба Идораи зиндонҳои Русия навишта гуфтааст, ки бо гуруҳе аз табибон омодаи кумак ба Навалний ҳастанд.

Навалнийи 44-сола 31-уми март бо нишони эътироз аз он, ки ба гуфтаи ӯ, мақомоти зиндон аз иҷозати гирифтани ёрии тиббӣ саркашӣ карданд, гуруснанишинӣ эълон кард.

Пизишкони маҳбас гуфтанд, Навалний дар камараш ду "грижа" дорад. Пизишкон ҳамчунин гуфтанд, ки Навалний таби баланд ва сулфа дорад.

Навалний, ки аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие дар моҳи августи соли гузашта беш аз ним сол дар Олмон табобат гирифт, баробари баргаштан ба Маскав боздошт ва дар нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳгор шуд. Ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол ба зиндон андохтанд. Ғарбу Аврупо озод шудани ӯро талаб доранд, вале Кремл гуфтааст, ки ба ин даъватҳо гӯш намекунад.

ИМА нисфи аҳолиро эм кард, Исроил гаштугузори бениқобро иҷоза дод

Кӯчае дар Исроил. Мардум бидуни ниқоб ҳақ доранд гаштугузор кунанд, вале доштани ниқоб дар дохили муассисаҳо ҳатман талаб мешавад

Дар ИМА нисфи калонсолон дастикам як воя ё дозаи ваксинаи зидди COVID-19-ро дарёфт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар қаламравҳои дигари сайёра муқовимат бо мавҷи нави шаклҳои вирус идома дорад. Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар ИМА тахминан 130 миллион аҳолии аз 18-сола боло ҳадди аққал як воя ё дозаро дарёфт кардаанд, ки ин 50,4 дарсади аҳолии кишвар мебошад. Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо мегӯяд, 84 миллион аҳолӣ ваё сеяки ҷамъияти Амрико бо ҳарду дозаи воксина эм карда шудаанд. Рӯзона дар ин кишвар 3 миллион дона воксина дода мешавад. Вале айни замон, дар ҷомеаи Амрико нафароне кам нестанд, ки аз гирифтани воксина саркашӣ мекунанд, масалан, дар назарсанҷиҳо аз ҳар 5 нафар як нафар гуфтаанд, ки воксина гирифтан намехоҳанд.

Дар нуқтаи дигари ҷаҳон – Исроил рӯзи 18-уми апрел бори аввал ба мардум иҷоза доданд, ки ниқобҳои тиббии худро бикашанд ва мисли пешина нафаси озод гиранд. Дар ин кишвар беш аз нисфи аҳолӣ пурра эм карда шудаанд. Исроил бо истифода аз воксинаи Pfizer/BioNTech яке аз босуръаттарин маъракаҳои зидди COVID-19-ро роҳандозӣ кард. Дар ин кишвар уфти бисёр ҷиддии ҳодисаҳои олудагӣ, бистаришавӣ ва марг бар асари коронавирус мушоҳида мешавад ва мақомот дари мактабу тарабхона ва дигар муассисаҳои ҷамъиятиро боз карданд. Дар ин кишвар доштани ниқоби тиббӣ дар дохили муассисаҳо ҳамоно ҳатмӣ талаб мешавад. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти амрикоӣ гуфт, ки эҳтимолан дар оянда боз ҳам зарурат ба гирифтани воксинаҳои сахттар пеш ояд.

Мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон ҷаласа мекунанд

16-уми апрел, мулоқоти президентони Украина ва Фаронса дар Париж

Рӯзи 19 апрел қарор аст дар як ҷаласае мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон роҳҳои эҳтимолии коҳиши таниш дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳафтаи гузашта раҳбарони Украина, Фаронса ва Олмон дар паи ҷаласаи муштараке аз Русия тақозо карданд, ки нирӯҳояшро аз назди марзҳои Украина ва ҳам нимҷазираи Қрим бозпас бикашад. Созиши оташбаси бисёр заъифе, ки миёни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия имзо шудааст, ҳафтаҳои ахир риоя намешавад ва аз оғози соли ҷорӣ шумори сарбозони кушташудаи украинӣ дар ин шарқ дастикам 30 нафарро ташкил дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки дар талоши ташкили музокироти аъзои гурӯҳи Нормандия мебошад, ки ба он Украина, Русия, Фаронса ва Олмон шомил мешаванд. Фаронсаву Олмон аз соли 2015 ба ин сӯ дар низои Украина ба ҳайси миёнҷӣ иштирок мекунанд. Рӯзи 16-уми апрел Зеленский дар Париж бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон имкони ташкили музокирот бо президенти Русия Владимир Путинро баррасӣ кард. Баъди ин ду раҳбар тавассути тамоси интернетии видеоӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел сӯҳбат карданд. Зеленский дар Париж гуфт, ҳадафи мушовирони сиёсӣ азсаргирии созишномаи Минск мебошад, ки оташбас дар шарқи Украинаро ҳамчун қадаме ба сӯи хатми низоъ дар шарқи ин кишвар пешбинӣ кардааст.

ИА иддаои Чехияро дар бораи ду ҷосуси рус баррасӣ мекунад

Александр Петров ва Руслан Боширов, ду ҷосуси эҳтимолии Русия, дар баробари заҳролудкунии Скрипалҳо дар ташкили таркише дар Ҷумҳурии Чех низ муттаҳам мешаванд

Қарор аст, рӯзи 19-уми апрел вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо иддаои Ҷумҳурии Чехро дар бораи ду ҷосуси Русия баррасӣ кунанд.

Мақомоти Прага гуфтанд, ин афрод дар ташкили таркиши як захирагоҳи силоҳ дар соли 2014 даст доштанд. Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар заҳролудкунии Скрипалҳо дар соли 2018 дар Бритониё муттаҳаманд.

Нахуствазири Чехия Андрей Бабиш рӯзи 17-уми апрел эълон кард, ки 18 дипломати русро аз хоки ин кишвар берун мекунанд. Дар посух Маскав ҳам гуфт, 20 дипломати чехро аз хокаш меронад.

Моҷарои бархоста баъд аз соли 1989 – замони суқути ҳукумати коммунистӣ дар ин кишвари хурди Аврупо, ки як узви НАТО мебошад, бесобиқа аст ва таниши миёни Маскаву Ғарбро боз ҳам бештар мекунад.

Бабиш дар изҳороташ рӯзи шанбе гуфт, далели боварбахши муфаттишони Чехияро дар ихтиёр доранд, ки дар он аз нақши ҷосусони рус дар таркиши соли 2014 дар шаҳри Врбетитсе сӯҳбат мешавад.

Ӯ афзуд, ин кори дасти ходимони ГРУ ё Сарраёсати ҷосусии маъруф бо рақами 29155 мебошад. Ин бахш дар чанд талоши сӯиқасд ба ҷони одамон дар Аврупо гумонбар мешавад ва яке аз онҳо заҳролудкунии падару духтар, Скрипалҳо, дар шаҳри англисии Салисбури мебошад.

Муҳимоти низомиву силоҳе, ки соли 2014 дар Чехия нобуд карда шуд, тибқи гузоришҳо, бояд ба Украина фиристода мешуд. Ин кишвар аз соли 2014 бо ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин дар ҳоли низоъ мебошад. Дар таҳқиқот маълум шудааст, ки як созмони тоҷири силоҳ дар Булғористон ҳам бояд мавриди ҳадафи ҳамла қарор мегирифт.

Ҳалокати 3 ҷавон дар садамае дар шоҳроҳи Душанбе - Файзобод

Ноҳияи Файзобод.

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт, се сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса шаби 17-уми апрел дар мавзеи Дубедаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, се мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд. Ду нафари онҳо ҳамагӣ 17-сола ва нафари севум 22-сола будааст. Ин мошин аз сӯи як сокини 18-солаи Файзобод идора мешудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳалокшудаҳоро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварданд.

Сабабҳои дақиқи ин ҳодиса эълон нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, мошин"бо кадом сабабе" аз роҳ берун ва дучори садама шудаст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе аз ин мусофирон хонандагони мактабҳои 51 ва 72-и шаҳри Душанбе будаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамакнун ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

ВКД-и Қирғизистон гуфт, монеи тазоҳуроти "Зидди хушунат" нашудаанд

Бинои Вазорати умури дохилии Қирғизистон.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 18-уми апрел гуфт, хабарҳо дар бораи парокандасозии тазоҳурот "Зидди хушунат", аз сӯи кормандони пулис дар либоси мулкӣ асос, надорад.

Рӯзноманигори қирғиз Болот Темиров дар як навор гуфт, тазоҳуроти рӯзи 15 апрелро, ки дар назди бинои вазорати корҳои дохилӣ баргузор мешуд, кормандони ин ниҳод дар либоси мулкӣ пароканда карданд.

"Ин гуфта дурӯғ аст ва ба ҳақиқат мутобиқат надорад. Дар воқеъ, дар наворҳо дида мешавад, ки кормандони пулис дар тазоҳурот ҳузур доранд, аммо бояд гуфт, кормандони пулис ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ бо хоҳиши худ ба ҷамъи мардум ҳозир шудаанд ва назорат карданд, ки байни тазоҳургарон ҷанҷол нашавад", - омадааст дар хабари ВКД.

Рӯзи 15-уми апрел фаъолони Қирғизистон назди бинои ВКД тазоҳурот ташкил карданд. Онҳо таҳқиқи қатли Айзада Канатбекова ва истеъфои вазири корҳои дохилии Қирғизистон Улан Ниёзбековро талаб карданд.

Аммо чанд марде, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд ва худро кормандони бознишастаи корҳои дохилӣ унвон карданд, монеи ин тазоҳурот шуданд. Каме дертар як гуруҳи дигари одамон назди бинои ВКД омаданд ва тазоҳургаронро бо алфози қабеҳ дашном доданд ва низ монеи тазоҳуроти аввалиҳо шуданд.

Қатли Айзада Канатбеков, як духтари ҷавон дар ибтидои моҳи апрел ҷомеаи Қирғизистонро ваҳшатзада кард. Канатбековаро ҷавоне барои издивоҷи иҷборӣ рабуд, аммо дар нимароҳ қатл кард. Қирғизистониҳо мегӯянд, мақомот барои таҳқиқи қатли Канатбекова талоши заруриро ба харҷ намедиҳанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG