Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидумар Ҳусайнӣ: "Кумитаи дин зидди ҲНИТ таблиғот мебарад"


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои намояндагони Кумитаи дин бо мардумро маъракаи таблиғотии зидди ҳизб арзёбӣ кардааст.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, рӯзи панҷшанбеи 28 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳизб тасмим гирифтааст, ки дар зудтарин фурсат нишасти шӯрои сиёсии худро баргузор намояд ва дар он раёсати олии ҳизбро даъват карда, ба Кумитаи дин расман посух диҳад.

Саидумар Ҳусайнӣ афзуд, Кумитаи дини Тоҷикистон бо созмони як гурӯҳе аз намояндагони ин кумита ва мударрисони Донишкадаи исломӣ дар навоҳии Тоҷикистон бо мардум мулоқот намуда, ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дахолат мекунад.

Саидумар Ҳусайнӣ - муовини аввали раиси ҲНИТ
Саидумар Ҳусайнӣ - муовини аввали раиси ҲНИТ
Ба иддаои Саидумар Ҳусайнӣ, ин амали онҳо ғайриқонунӣ буда, мехоҳанд, ки дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи Ҳизби наҳзати исломиро дар миёни мардум коҳиш диҳанд. Зеро дар интихоботҳо, ба қавли Саидумар Ҳусайнӣ, рақиби аслӣ ва тавонои ҳукумат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Мухтор Мавлонов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ба сафари ҳайати ин кумита раҳбарӣ мекард, мегӯяд, ки дар ноҳияҳои кишвар шарҳу тафсири се қонуни Тоҷикистон мавзӯи аслии гуфтугӯ бо мардум буд: «Қонун дар бораи дин ва озодиии виҷдон», «Қонуни танзими расму анаъанаҳо» ва масъалаи баргардондани ҷавонон аз мадрасаҳои кишварҳои хориҷие, ки таълимоти ифротӣ медиҳанд, аз мавзӯъҳои аслии суҳбатҳои намояндагони Кумитаи дин дар ин мулоқотҳо буд».

Мухтор Мавлонов - муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
Мухтор Мавлонов - муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
Ба таъкиди Мухтор Мавлонов, иддаои Ҳизби наҳзати исломӣ воқеият надорад, зеро Кумитаи дин фаъолияти созмонҳои диниро назорат мекунад ва наметавонад алайҳи як ҳизби сиёсӣ даст ба иқдомоти таблиғотӣ занад.

Мавлон Мухторов гуфт: «Дар ин сафар танҳо Абдураҳим Каримов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ҳоло мударриси Донишгоҳи исломӣ, дар бораи ислом ва ҳизби исломӣ изҳори назар кард, ки вай танҳо фикри шахсии худро баён дошт».

Дар ҳафтаи гузашта як ҳайати Кумитаи дини Тоҷикистон бо шумули мударрисони Донишкадаи исломии кишвар ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд сафар намуда, бо мардум доир ба масъалаи ҷилавгирии ҷавонон аз гароиш ба созмонҳои тундрав суҳбату мулоқотҳо доштанд, ки суханронии Мавлавӣ Абдураҳим, мударриси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, дар яке аз ин мулоқотҳо боиси норозигии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд.

Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) зимни суханроние дар мулоқоти ҳайати Кумитаи дин бо сокинон дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гуфта буд, “ҳизбҳое, ки ба худ номи исломиро мегузоранд, асоси Қуръонӣ надоранд ва ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад». Ин суханони Мавлавӣ Абдураҳим боиси норозигии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд ва аъзои ҳизб аз он шадидан интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG