Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби як масъули ҲНИТ дар Суғд. Тасодуф ё....?


Аваз Абдураҳмонов ҳоло дар бемористони Хуҷанд бистарӣ аст.
Аваз Абдураҳмонов ҳоло дар бемористони Хуҷанд бистарӣ аст.

Як масъули ҲНИТ дар вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ шадидан лату кӯб шуда, бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ гаштааст.

Аваз Абдураҳмонов, намояндаи бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳраки Табошар, бо ҷароҳатҳои вазнин аз 8 рӯз ба ин тараф дар беморхонаи вилоятии Хуҷанд бистарӣ аст. Вақте субҳи рӯзи 7-уми март ба суҳбаташ рафтем, бисёр хастаҳолу афтодарӯҳ ба назар мерасид.

Вай гуфт: «Мана, 8 рӯз боз ин ҷо хобам, ҳама ҷойи баданам дард мекунад, рӯзҳои аввал хун мепартофтам, таги чашмҳоям кабуду сиёҳ буд, ҳозир доғи чашми чапам монд. Тасаввур кунед, вақте ки шаш кас зери мушту лагад мегиранд, ҳоли одам чӣ мешавад. Ман аз ҳуш рафтам, одамон доду фарёд карда, аз дасти онҳо манро халос карданд. Ман ду нафари онҳоро медонам, дигарҳояшонро намешиносам. Аммо то ҳозир ягон милиса ё дигар корманди ҳифзи ҳуқуқ наздам наомад.»

Аваз Абдураҳмонов афзуд, як-ду нафар аз он гурӯҳи ҳамлавар нахуст шоми 28-уми феврал, замоне ки вай дар манзилаш набуд, ба хонааш ворид шуда, духтари 13-солааш, як дугонаи вайро, ки барои ҳамроҳии онҳо омада буд ва ҳамсарашро шаллоқ задаву носазо гуфтаанд. Аваз, ки дар шаҳри Чкалов қарор доштааст, зуд ба Табошар баргашта, милисаҳои маҳалашро аз ин амал ва таҳдиди гурӯҳ огоҳ кардааст. Аммо милисаҳо чорае наандешидаанд ва субҳи рӯзи 29-уми феврал дар кӯча худи Аваз Абдураҳмонов ҳадафи ҳамлаи афроди таҳдидкарда ва шарикони вай қарор гирифтааст.

«Ман намедонам, ки чаро он ҷавонҳо, ки бо онҳо шиносоӣ ҳам надорам, ба ман ҳамла карда, бераҳмона зери мушту лагад гирифтанд. Ман фақат аз як нафари онҳо дар кӯча пурсидам, ки чӣ шуд, ки шабона ба хонаам даромада, ҳамсар ва духтарамро носазо гуфтӣ, задӣ. Дигар намедонам, чӣ шуд… Аммо муносибати милисаҳо аз ин пеш ҳам бо ман хуб набуд. Ман қариб ду сол боз намояндаи Ҳизби наҳзат дар шаҳраки Табошар ҳастам. Бисёри милисаҳо норизоӣ карда мегуфтанд, ки ин ҷо як худат ҳизбӣ, маймун барин риш монда гаштӣ. Баро аз ин Ҳизби наҳзат, мегуфтанд.»

Исмоил Ашӯров, табиби осебшиноси беморхонаи вилоятӣ гуфт, майнаи Абдураҳмонов осеб дида, ҳамчунин чандин ҷойи дигари баданаш ҷароҳат бардоштааст. Аммо вазъи сиҳатии вай пас аз як моҳ ташхиси ниҳоӣ хоҳад шуд, ки оё зарбу лат ба фаъолияти узвҳои ҷисми вай кадом таъсири номатлуби собит гузоштааст ё хайр.

Аммо аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳраки Табошар дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки қазияи латукӯби намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин маҳал мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мирзо Юсуфов, милисаи навбатдор гуфт, нафарони ҳамлакарда маълум ҳастанд ва муфаттиш сабаби ҳамлаи онҳоро дар муддати то 15 рӯз муайян хоҳад кард.
Ба ҳамин тариқ, маълум нест, оё парванда боз шудаву ҳамлаварон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон беаҳамиятии милиса ба ҳодисаи лату кӯби намояндаи худ дар шаҳраи Табошарро чун фишоре болои вай арзёбӣ мекунанд.

Илҳом Ёқубов, раҳбари бахши ҷавонони ҲНИТ дар Суғд
Илҳом Ёқубов, раҳбари бахши ҷавонони ҲНИТ дар Суғд
Илҳом Ёқубов, раҳбари бахши ҷавонон дар созмони суғдии ҳизби мазкур гуфт, "мақомот ба қазияи латукӯби як узви Ҳизби наҳзати исломӣ аҳамияти ҷиддӣ қоил нестанд ва то кунун ҳатто аз ҳоли вай напурсиданд, мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба вай фишор оранд, то ки аризаи худро бозпас гирад. Ғайр аз ин, ду нафари латукӯбкунандаҳо ба Аваз занг зада, аввал дӯғу даранг, баъд ваъда кардаанд, ки пули калон медиҳем, аризаашро аз милиса гирад."

Лату кӯби намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳраки Табошар дар ҳоле сурат гирифт, ки ба гуфтаи масъулони созмонии суғдии ҳизби мазкур, дар тайи ду моҳи ахир фаъолияти созмонҳои ин ҳизб дар шаҳру навоҳии Суғд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва ҳукуматҳои маҳаллӣ шадидан мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Илҳом Ёқубов, дар ноҳияи Зафаробод бархе аз имом-хатибҳои маҳаллӣ аъзои Ҳизби наҳзатро даъват кардаанд аз ин ҳизби сиёсӣ даст кашанд ва таҳти фишор 12 нафарро водор кардаанд аризаи хориҷ шудани худро бинависанд.
XS
SM
MD
LG