Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Радиои хусусии AFM аз шунавандагонаш маъзарат хост


Маҳз ҳамин акс ва эълоне дар бораи рӯзҳои истироҳатии Наврӯз корбарони Фейсбукро ба хашм овардааст.
Маҳз ҳамин акс ва эълоне дар бораи рӯзҳои истироҳатии Наврӯз корбарони Фейсбукро ба хашм овардааст.

Гурӯҳе аз корбарони Фейсбук аз эълони радиои AFM дар Душанбе ба хашм омада ва онро водор карданд, ки барои "беназокатиаш" узр бипурсад.

Радиои AFM, ки танҳо дар қаламрави Душанбе ва бо забони русӣ барнома пахш мекунад, дар остонаи ҷашни Наврӯз дар саҳифаи худ дар Фейсбук, акси тарсноки як тӯда зомбиро гузошта ва навишт, ки дар рӯзҳои Наврӯз “Хабарҳои Пистабозор” як барномаи ҳаҷвии радио, 6 рӯз истироҳат мекунад ва “ба шаҳрвандон, бахусус занон тавсия дода мешавад, ки дар хона бимонанд, зеро дар ин рӯзҳо сайругаштҳои оммавӣ хоҳад буд.“

Муаллифони ин навишта, ки дар Фейсбук садҳо шарҳ зери он ҳаст, ҳазл кардаанд, ки “миқдори зиёди суманак дар таркиби хун сабаби ҷанҷолу “чор ба як мезанӣ” ва шикастани шишаҳои истгоҳҳои автобус мешавад. Дар аввал баъзе аз корбарони Фейсбук аз ҷумла Gulnoza A. Khasanova гуфтааст, ки акси мазкур, “дақиқан ҳамон чизеро инъикос мекунад, ки дар сайругаштҳои идона мебинем,” аммо нисбат додани сайругаштҳо ба тӯдаи зомбиҳои тарснок, бисёриҳоро дар Фейсбук ба хашм овардааст, ки башиддат аз масъулони радиои AFM интиқод кардаанд.

Бахусус Parviz Hakimzade бо “таҳқири як қишри васеъи аҳолӣ” хондани тасвири мазкур, баҳсро дар ин бора дар саҳифаи Фейсбуки худ ҳам доман задааст. Радиои AFM ин бардошти Парвиз Ҳакимзодаро, муболиға хонда ва гуфтааст, акси тӯдаи зомбиҳо, “масхара кардани Наврӯз ва суннатҳои фарҳангӣ нест, балки инъикоскунандаи одоби теъдоди бузурги афродест, ки шеваи рафтор дар миёни ҷамъиятро намедонанд ва зиндагии сокинони шаҳрро дар ин рӯзҳо ба дӯзах табдил медиҳанд”. Аммо дар посухе ба радио Rustam Majidov як корбари дигари Фейсбук гуфтааст, «Агар шумо мехостед, чизи дигар бигӯед, натавонистед ва чунин мавзеъгирӣ нисбат ба фарҳанги як қатор миллатҳоро нишон додед, ки ғамангез аст.”

Бо вуҷуди онки иддаи дигар, аз ҷумла Азамат Абдуқодиров, ки хостааст, шарҳи мазкурро шӯхӣ бидонанд ва ҷиддӣ нагиранд, аммо дар идомаи баҳс, ки танҳо бо забони русист, интиқод бештар шуда ва дар ниҳоят радиои AFM-ро маҷбур кардааст, ки аз шунавандагони худ узр бизхоҳад ва ба ин шакл: “Мумкин аст, ки мо каме аз ҳад гузарондем, ва барои ин аз шунавандагони худ маъзарат мехоҳем. Вале агар саҳнаи шабеҳеро дар рӯзҳои ид дидед, ёд дошта бошед, ки мо шуморо огаҳ карда будем.”

Шералӣ Ҷурабоев, аз радиои AFM рӯзи чаҳоршанбе, 27 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маъзаратхоҳии онҳо дар Фейсбук расмист, агарчӣ ҳадафи онҳо на таҳқири касе, балки интиқод аз нуқсҳои ҷомеа дар Тоҷикистон буд. Яке дигар аз корбарони Фейсбук Rakhmon M. Boltaev низ “ҳазли” радиои AFM –ро таҳқири касе намешуморад. Даҳҳо нафари дигар ҳам ба ҳимояти радиои мустақили AFM садо баланд кардаанд ва бештар аз 67 нафар он навиштаро (like) писандидаанд.

Аммо сарзанишу интиқод аз радиои мазкур низ ба қадри кофӣ дар Фейсбук дида мешавад, аз ҷумла аз мубоҳисони фаъол дар ин баҳс Galina Yunusova, ки навиштаи радиои АФМ-ро “як беназокатӣ нисбат ба як идда миллатҳо медонад” ва мегӯяд, “ҳазли дуруст, ҳеҷ гоҳ чунин баҳсбарангез” намешавад. Корбари дигар аз мухолифони чунин “шӯхиҳо” гуфтааст, ки “ҳатто агар радиои шумо радиои танз бошад, ҳам аммо набояд гуфтани чунин чизеро ба худ иҷоза медод.” ParviZ Umarov низ дар ҳамин радиф аст ва гуфтааст, “Маро агар инсони кӯҳнапараст бидонед ҳам, вале навиштаи мазкур аз тамоми чаҳорчӯбаҳо берун рафтааст.”

Интиқодоте, ки дар ниҳоят масъулони радиоеро, ки аз соли 2002 сабти ном шуда ва танҳо дар Душанбе барнома пахш мекунад, маҷбур кард, ки эътироф кунанд, ки “бачаҳояш, чандон ботаҷриба нестанд” ва ба хотири “каме аз ҳад гузаронданашон” аз шунавандагонаш узр мехоҳад.

Баъди моҷаро дар Фейсбук: Шералӣ Ҷӯрабоев дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ баъзе аз дидаҳояшро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тасвир кард:

“Агар шумо дар рӯзҳои Наврӯз мебудед, медидед, ки чӣ мегузашт. Ман худам махсус ба ипподром рафтам, ки бубинам, чӣ мегузарад. Ҷавонон, ҳамонҳое, ки мо дар бораашон сӯҳбат кардем, суманакро гирифта, ба ҳамдигар мепошиданд. Ман худам шоҳид шудам, ки чӣ гуна телефони як духтари ҳиҷобпӯшро аз дасташ гирифта, гурехтанд.”
XS
SM
MD
LG