Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис аз пешрафт дар музокирот хабар дод


Михалис Саррис, вазири молияи Қибрис мегӯяд, дар музокирот бо созмонҳои молии қарздиҳанда ба раҳбарии Иттиҳодияи Аврупо “пешрафти чашмгире” ҳосил шудааст. Аммо гуфт ӯ, баъзе аз масоили ҳалношудае боқӣ мондааст, ки бояд ба онҳо расидагӣ шавад. Михалис Саррис дар ин бора рӯзи шанбе дар шаҳри Никосия сухан гуфт. Сиёсатмадорони Қибрис шитоб доранд, то барномаи дигареро барои дарёфти қарз аз созмонҳои молӣ таҳия кунанд, зеро барномаи пешинро порлумон тасвиб накард, ки бар асоси он тақрибан даҳ дар сади пасандозҳои амонатгузоронро ҳамчунон молиёт барои кӯмак ба бонкҳои мӯҳтоҷи Қибрис мегирифтанд. Бонки Марказии Аврупо ба Қибрис ҳушдор додааст, ки агар то рӯзи душанбе барномаи наве барои наҷоти молиаш пешниҳод накунад, кӯмакҳои изтирорӣ ба бонкҳои онро мутаввақиф хоҳад кард. Қарор аст, вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро рӯзи якшанбе дар шаҳри Брюссел авзоъ дар Қибрисро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG