Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду моҳ 360 миллион доллар пул ворид шудааст


Бино ба омори ғайрирасмии вазорати иқтисоди Тоҷикистон, танҳо дар ду моҳи январу феврали соли ҷорӣ ба ин кишвар аз хориҷ 360 миллион доллар пул ворид шудааст. Ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 8,5 дарсад бештар будааст. Ҳарсол то 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ба хориҷ ва умдатан ба Русия меравад. Соли гузашта танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 3 миллиарду 652 миллион доллар пул омад, ки баробари қарби нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG