Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боварҳои наврӯзӣ дар Вахшонзамин


Аксари боварҳои наврӯзӣ дар водии Вахши ҷануби Тоҷикистон, марбут ба гандум, оташ ва борон будааст.

Маросими «Чоршанбеи охирон» ё «Сафаркоҷдӣ», пешгӯии авзои сол вобаста ба сабзиши гандум ва «ашагулон» - маросиме ба хотири боридани борон – аз боварҳои аслии мардумист, ки бо фарорасии баҳор аз ҷониби сокинони деҳотҷойи Вахшонзамин анҷом дода мешавад.

Давлат Ғафуров, омӯзгоре аз ноҳияи Вахш, оид ба маросими «Сафаркоҷдӣ» гуфт, ки сокинони маҳаллӣ дар чоршанбеи охирини Наврӯз дар чорраҳаҳо оташ гиронда, аз болои он себорӣ ҷаҳида, мегӯянд: «Ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман!». Ва ба бовари онҳо, духтаре, ки бахташ накушода мондааст, дар чорраҳа қуфлеро дар гарданаш овехта, дар шафати он калидро низ мегузорад, то роҳгузарон бо калид қуфлро кушоянд ва гӯё ба ин васила бахти ба истилоҳ «пирдухтар» низ кушода мешавад.

Давлат Ғафуров ҳамчунин дар мавриди боварҳои дигари мардуми Вахшонзамин гуфт: «Дар рӯзи Наврӯз оби софи боронро, ки бенамак аст, дар зарфе гирифта, онро ба рӯйи ҳамдигар мепошанд, ки ҳамеша чеҳра ва замири ба монандаи об поку соф дошта бошанд, тамоми соли пешомад худро солиму бардам ҳис кунанд. Ё ин ки сарфи назар аз он ки заминҳои маҳалли зистамон лалмӣ аст, ҳар хонадон ҳар сол камаш 10 адад ниҳол мешинонад. Чунин бовар ҳаст, ки агар агар ҳамин дарахтон сабз шаванду самараи хуб диҳанд, пас мо одамони бафайз будаем. Мабодо ин ниҳолакон сабз нашаванд, хушк гардад, пас мо ҳис мекунем, ки ҳамин сол файзи мо кам будааст, Худованд моро нек намедидааст ва бояд хайру эҳсону некии бештаре анҷом диҳем. Барои ҳамин 10 ниҳол мешинонанд, ки ҳадди ақалл 3-4-тояш сабз шаваду ноумед нагардем.»

Майдагул Собирова, сокини дигари ноҳияи Вахш, мегӯяд, пешгӯии авзои соли пешомад низ тавассути сабзиши гандуму ҷав имконпазир аст. Ба бовари ӯ, занони маҳаллӣ дар зарф ҳар гуна ғалладона – гандум, ҷав, нахӯд ва мисли онро сабзонида, вобаста ба сабзиши он авзои солро пешгӯӣ мекунанд. Яъне агар сабза қомати рост дошта бошад, гӯё сол серӣ меояд, вале агар майса ба ҳар тараф паҳн шавад, аз қаҳтӣ шудани сол ҳушдор медиҳад. Хонуми Майдагул ҳамчунин дар бораи «ашагулон», маросими дигари мардумӣ, ки хоси наврӯзу баҳор аст, чунин қисса кард:

«Ашагулон»-ро дар ҳолате месароем, ки баҳори мо камбориш шавад. Занҳои бисёре як ҷо ҷамъ меоем, се-чор дег мемонем, дар яктоаш ширбиринҷ, дар дигараш гандумҷӯш, оши палав ва ҳар ғизои дигари миллӣ, ки аз дастамон меояд, таҳия мекунем. Баъд як сангпуштро дошта, сарозер кашол мекунем, аз болои сараш об мерезем, сангпушт аз он ки об ба ҷисмаш мерасад, ба ҳаяҷон меояд. Баъд аз Худованд илтиҷом мекунем, ки барои мо боронро ҳадя кунад. Ҳамин хел як анъанаи қадимӣ ҳаст. Баъдан либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро ба бар карда, месароем:

Ашагулони ростина,
Бар мо бидеҳ борона…

гуфта, бар замми он як занро болои хар чапана савор мекунем ва ҳамакаса сур карда, аз болои он бо сатилҳо об мепошем, то ки тар шавад. Чуни бовар ҳаст, ки раҳми Худо омада, ба мо борон медиҳад. Аслан ин корро мо бо шодию хурчандӣ анҷом медиҳем, мисли шӯхӣ, касе аз мо нороҳату хафа намешавад. Чунин кори хуш ба Худованд хуш омада, ба мо борон медиҳад.»

Дар ҳамил ҳол, Тӯра Қаландаров, кишоварзи собиқадоре аз ноҳияи Вахш, мегӯяд, оғози баҳори имсола аз фаровонҳосилии сол гувоҳӣ медиҳад. Аз вай пурсидам, ки инро чигуна муайн кардааст. Вай гуфт: «Соли омадаистода аз ҳосили баланди мавои ғизоӣ, гандум, нахӯд, зағер ва дигар полезиҳо гувоҳӣ медиҳад. Зеро аз борон камӣ надорем. Насиб бошад, аз аввалҳои моҳи май тарбузу харбуза мекорем. Умед дорем, ки ҳосили фаровон ба даст ояд, зеро зиндагии мо бо ҳамин кори деҳқонӣ пеш меравад.»

Тӯра Қаландаров афзуд, ки имсол маросими ҷуфтбаророн ҳам қабл аз вақт анҷом дода шуд, ки як далели дигари фаровонҳосилӣ арзёбӣ мешавад. Ба иддаои ӯ, то маросими ҷуфтбаророн ба ҷо оварда нашавад, деҳқонон мавсими ҷуфтро оғоз намебахшанд: «Мавсими ҷуфтрониро яке аз пирони ботаҷрибаву муътабар анҷом медиҳад. Ин маросим қоидаҳои хоси худро дорад, ки аз ниёгон мерос монда, бо дуо ифтитоҳ мешавад. Пас аз додани нону таоми маросимӣ ба ҳаққу ҳамсоя ва дуо гирифтан аз пирамарди пешвои деҳ, барзаговҳоро ба юғу сипор баста, заминҳои кишоварзиро ҷуфтбаророн мекунанд.»

Дар Вахшонзамин дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ ҳамчунин ҳунарҳо ва маросимҳои вижа, аз қабили арӯсбаророн, ҳинобандӣ, чакандӯзӣ, риштабофӣ, тоқию шерозу куртадӯзӣ, рангбандӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, ресандагӣ анҷом ва ба намоиш гузошта мешавад.

Кадбонуҳо таомҳои миллии қадимаи суманак, қурутоб, ғалмандӣ, ойлова, чанголӣ, таҳмол, далда, фатирмаска, кочӣ, нишоиста, гандумҷӯш, шакароб, оши тупа, боҷҷак, дӯғрӯған, рубич, умочӣ бо шир, оши палов, қатлама ва намудҳои гуногуни ҳалворо таҳия мекунанд.
XS
SM
MD
LG