Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи се кишвар барои сохтмони роҳи оҳан


Роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон санадеро имзо карданд, ки сохтмони роҳи оҳан миёни ин кишварҳоро дар назар дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ёддошти тафоҳуми ҳамкориро миёни ин се кишвар шоми чоршанбеи 20 март дар шаҳри Ашқобод имзо карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар мулоқоти сеҷонибаи президентони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон тарҳи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон тариқи қаламрави Афғонистон, маблағгузорӣ ва наҳваи иҷрои он аз мавзӯъҳои меҳварӣ будааст.

Дар нишасти матбуотие, ки дар поёни ин мулоқот сурат гирифт, раисони ҷумҳури ҳарсе кишвар бунёди роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Туркманистон тариқи Афғонистонро барои густариши ҳарчӣ бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратии минтақа муҳим арёбӣ карданд. Хоса, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, таъкид кард, ки сохтмони ин роҳ омили рушди иқтисодии Афғонистон гардида, ҳамкориҳои минтақавиро густариш хоҳад дод.

Зимнан, масъалаи сармоягузории ин тарҳ дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар моҳи октябри соли 2012 мувофиқа шуда буд, ки интизор меравад, роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон тариқи Афғонистон то соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Тавофуқи раисони ҷумҳури се кишвар бар сари сохтмони роҳи қатор дар ҳолест, ки Тоҷикистон ахиран аз ширкат дар тарҳи роҳи оҳани Чин то Афғонистону Эрон сарфи назар шуд. Ба ин далел мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтани лоиҳаи сохтмони роҳи қатори Тоҷикистон - Афғонистон -Туркманистонро ҷуброни тарҳи аввалӣ медонанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сомонаи Рakistantoday, Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон, низ аз бунёди роҳи оҳан ва лӯлаи газ байни Тоҷикистону Туркманистон тариқи Афғонистон истиқбол кард ва гуфт, ки «бунёди он на танҳо барои ин се кишвар, балки барои тамоми кишварҳои минтақа муфид аст».

Зардорӣ дар идомаи суханаш бо изҳори қаноатмандӣ аз равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон гуфт, ки мизони тиҷорат миёни ин ду кишвар дар соли 2011 маблағи 15 миллион долларро ташкил дод ва ин теъдод дар соли 2012 ба 72 миллион доллар расидааст.

Ба таъкиди Зардорӣ, ифтитоҳи роҳ байни Тоҷикистон ва Покистон тавассути гарданаи Вахон, ки Ишкошим ва Читралро ба ҳам мепайвандад, хеле муҳим аст. Зеро бо ин роҳ метавон равобити тиҷоратии ду кишварро густариш дод ва бахши саноати маҳаллиро низ тақвият бахшид, ки бо ин тариқ метавон аҳолиро бо ҷои кори доимӣ таъмин кард.

Қаблан Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» таъкид дошт, «ин тарҳ, ки амалӣ шавад, Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ва он ҳам Мазори Шариф ба роҳи оҳани «Чин- Қирғизистон -Узбакистон - Афғонистон - Эрон» мепайвандад.»

Ҳамакнун, ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, ҷониби Туркманистон ба иҷрои ин тарҳ оғоз кардааст, ки роҳи оҳан дар қаламрави ин кишвар то Афғонистон 440 км -ро ташкил медиҳад. Аммо масоҳати роҳи қатор дар қаламрави Тоҷикистон 50 км буда, ки он аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ то Панҷи Поён, дар марз бо Афғонистон сохта мешавад. Ҳарчанд ҳанӯз ин тарҳ лоиҳакашӣ нашудааст, вале мақомоти вазорати нақлиёт умедворанд, ки бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сӯи президентони Туркманистону Афғонистон, сохтмони роҳи қатор дар қаламрави Тоҷикистон мушкиле нахоҳад дошт.

Бо он ки ин тарҳ дар чорчӯби пешниҳод аст, аммо Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, он аҳамияти на танҳо байналмилалӣ дорад, балки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун хоҳад кард, «бубинед вилояти Хатлон дар «тупик», яъне бунбаст мондааст. Бо сохтмони ин роҳ Хатлон аз ин вазъ берун хоҳад шуд ва ҳоло сохтмони роҳи қатори «Ваҳдат - Ёвон» ҷараён дорад, ки баъдан ба Хатлон ва Душанбе мепайвандад. Умуман Тоҷикистон бо сохтмони ин роҳи қатор тариқи Афғонистону Туркманистон боз ба роҳи аввалӣ пайваст мешавад ва боз ба Русия ва Қазоқистон ҳамроҳ хоҳад шуд».

Ҳадяи Сафар, коршиноси тоҷик бо шунидани хабари талошҳо барои роҳандозии тарҳи сохмтони роҳи қатори Тоҷикистон - Афғонистон -Турманистон мегӯяд, «ҳарчанд кишвари ҳамсоя - Узбакистон бо ҳар роҳ мехоҳад то Тоҷикистонро дар инзивои иртиботӣ қарор бидиҳад, аммо боз ҳам бахти ин миллату давлат баландӣ мекунад ва роҳи дигаре, ё гӯшаи дигаре пайдо мешавад, ки кишварро аз бунбасту вобастагӣ раҳо кунад. Яъне ҳар қадар кӯшиш мекунанд, ки моро дар канор қарор диҳанд, аммо боз ҳам Тоҷикистон бо хости худованд метавонад аз мушкил берун шавад.»

Ин коршиноси тоҷик аз мавриди ахир дар робита ба иҷрои тарҳи роҳи оҳани Чин ба Афғонистону Эрон ёд овард, ки дар оғоз Тоҷикистон шомили ин тарҳ буд, аммо баъдан бо «мусоидат» -и кишварҳои ҳамсоя, ба хусус ҷониби Узбакистон, аз он сарфи назар шуд. Тоҷикистон то кунун танҳо тариқи Узбакистон то ба Туркманистону Қазоқистону Русия роҳи қатор дорад. Аммо дар чанд соли ахир ҷониби Узбакистон борҳо маҳдудиятҳоеро дар роҳи интиқоли бору коло ва сафари шаҳрвандони тоҷик эҷод кардааст.

Дар банд мондани садҳо қатори бору коло дар қаламрави Узбакистон дар ду соли пеш то ҳанӯз ҳам аз хотирҳо нарафтааст. Гузашта аз ин, соле пеш ҷониби Узбакистон роҳи Амузанг - Тирмиз» -ро, ки ба вилояти Хатлони Тоҷикистон мепайвандад, тахриб кард ва ба иқтисоди ин кишварҳо хисоротии ҳангуфте ворид гардид.

Бо ин ҳама, Тоҷикистон ин ҳама азияту озор ва ранҷро таҳаммул мекунад ва бо ҳар роҳ дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави берун шудан аз бунбасти комуникатсионӣ аст.
XS
SM
MD
LG