Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади бунёди як роҳи муҳим барои Тоҷикистон


Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон дар мавриди бунёди роҳи оҳане, ки се кишварро ба ҳам васл кунад, як ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии Туркманистон санади мазкур баъди мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони се кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомиди Карзай ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Ашқобод имзо шудааст. Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон барои ширкат дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Туркманистон рафтаанд. Ба навиштаи хабаргузории туркманӣ, тарафҳо гуфтаанд, ки иҷро шудани ин тарҳи бузург, ҳамкориву дӯстӣ миёни тамоми кишварҳои минтақаро тақвият хоҳад дод. Ин роҳи оҳан бояд аз истгоҳи Атомурод% Имомназари Туркманитсон ва истгоҳи Оқин-Андхойи Афғонистон то Тоҷикистон кашида шавад. Бунёди роҳ, қарор аст, аз моҳи июл шурӯъ шавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки кӣ сармоягузориаш хоҳад кард. Роҳҳои аслии таъмини Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон мегузарад, ки борҳо ин роҳҳоро бо баҳонаҳои гуногун бастааст.
XS
SM
MD
LG