Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Шаби бурвеҷ"-и Ёгед


Шаби бурвеҷ яке аз суннатҳои қадимаи наврӯзист, ки мардуми маҳаллаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз то ба ҳол ҷашн мегиранд.

Маҳалли Ёгеди ноҳияи Дарвоз ҷойест, ки Наврӯз дар ин ҷо ҳатто дар даврае, ки ин ҷашни бостонӣ мамнӯъ эълон шуда буд, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешуд Дар як сӯҳбат бо “Озодӣ” пажӯҳишгар тоҷик ва муаллифи китоби тозанашри «Оинҳои наврӯзии мардуми Ёгед» Рустами Содиқиён дар бораи вижагиҳои Наврӯзи Ёгед гуфт.

Озодӣ: Дар даврони собиқ шӯравӣ дар Бадахшон Наврузро аз ҳама бошукӯҳ дар маҳалли Ёгеди ноҳияи Дарвоз ҷашн мегирифтанд ва мардуми деҳоти дигар барои тамошои Наврузи Ёгед мерафтанд. Чаро ин ҷашн аз қадим маҳз дар маҳалли Ёгед маҳбубияти бештар доштааст?

Рустами Содиқиён: Мардуми Дарвоз, хусусан сокинони деҳаи Ёгед ҷашни Наврӯзро дар замони собиқ шӯравӣ, ки ба ин ҷашни мардумӣ тобишӣ динӣ дода буд ва таҷлили Наврӯзро дар саросари ҷумҳури мамнӯъ эълон карда буд, бо вуҷуди ин, дар маҳалли Ёгеди ҷамоати Нулванд бо шукуҳу ҷалол ҷашн мегирифтанд. Сабабаш аз он иборат буд, ки мардуми Дарвоз, аз он ҷумла мардуми маҳалли Ёгед сахт побанди урфу анъанаҳои миллӣ буданд ва ба монеаъҳои нигоҳ накарда, ҳамин ҷашнро бошукӯҳу ҷалол таҷлил мекарданд ва хушбахтона роҳбарони вақти ноҳияи Дарвоз монеи ин кор намешуданд ва онҳо ҳам мисли тамоми мардуми ноҳия дар Наврузи Ёгед ширкат мекарданд.

Озодӣ: Аммо он давра мегуфтанд, ки Наврӯз ҷашни мардуми Ёгед аст ва ин гуна ишораҳо буданд?

Рустами Содиқиён: Бале, Ёгед ягона маҳалле ҳаст дар ноҳия Дарвоз, ки сокинони он пайравони мазҳаби шиаи исмоилия мебошанд ва теъдоди андаке аз сокинони маҳаллоти дигар, ки аз анъанаи миллии ниёкон огоҳии кам доштанд, мегуфтанд, ки ин иди мардуми Ёгед аст, вале бовуҷуди ин, тамоми мардуми ноҳияи Дарвоз дар ин ид ҷамъ меомаданд.

Озодӣ: Лутфан ҳамчун муҳаққиқ оиди вижагиҳои маросимҳои наврӯзии мардуми Ёгед чӣ гуфта метавонед бигӯед, ки Наврузи Ёгед чӣ гуна оғоз меёбад ва бо чӣ меанҷомад?

Рустами Содиқиён
Рустами Содиқиён
Рустами Содиқиён: Мардуми Ёгед баъзе аз анъанаҳои қадимии ин идро ҳифз карданд ва агарчанде, мутаасифона бархе аз ин маросимҳо дар давраи шӯравӣ аз байн рафтанд, вале боз ҳам хушбахтона бисёре аз анъанаҳо байни мардум побарҷо монданд. Инҳо якчанд маросимҳое ҳастанд, ки аз қарнҳои дур ба мо расиданд, аз ҷумла маросими “шаби бурвеҷ” , маросими дух-духи бор, маросими тухмгузаронӣ, маросими ордгузаронӣ, маросими ордгирак, сайри гули лола ва мардум ин маросимҳоро то ба имрӯз ҷашн мегиранд.

Озодӣ: Аммо шаби бурвеҷ чӣ гуна маросиме ҳаст?

Рустами Содиқиён: Бурвеҷ шаби 20-ум ба 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва маҳз дар ин шаби бурвеҷ хони наврӯзӣ ороста мешавад ва азбаски аз тамоми ноҳия меҳмонон ба қишлоқ ташриф меоварданд, ҳама дар гирди хони наврузӣ менишастанд ва мунтазири афрӯхтани оташи наврузӣ мешуданд.
Дар бораи шаби бурвеҷ дар ягон луғат, аз ҷумла «Ғиёс-ул-луғот» чизе пайдо накардем.Аммо аз мусоҳиба бо солмандони Ёгед дарёфтем, ки бурвеҷ шояд калимаи суғдӣ бошаду маънои «муқаддас»-ро дорад, яъне «шаби муқаддас». Аммо баъзеҳо бар ин ақида ҳастанд, ки бурвеҷ шояд аз калимаи бурҷ гирифта шуда бошад, зеро маҳз дар ин рӯз офтоб ба бурҷи ҳамал мерасад ва шабу рӯз ҳам баробар мешаваду Навруз ҳам оғоз мешавад.

Вақте, ки мардум гирди хони наврӯзӣ мешинанд ва мунтазири оташи наврӯзӣ мешуданд, соатҳои 12 ва ё як ё дуи шаб дар майдони васеи деҳа оташи наврӯзӣ афрӯхта мешуд ва вақте, ки бачаҳо аз афрӯхтани оташ бо овози баланд хабар медоданд, мардуме, ки гирди дастархон то ин дам сӯҳбату қисса ва ривоят мекарданд, ба назди гулхан мерафтанд. То субҳ дар он ҷо сурудхонӣ, рақсу бозӣ мешавад ва бо дамидани субҳи содиқ мардум аз болои гулхани наврузӣ, маросиме, ки ба даврони зардуштӣ рабт мегирад, бо суханони «зардии рӯйи ман аз ту, сурхии рӯйи ту аз ман» аз болои он меҷаҳанд, кӯдакон бошад «бӯйи баҳор мезанад, дух-духи бор мезанад» аз болои оташ мепаранд ва бо ин амал гӯё гуноҳҳои худро пок месозанд.

Озодӣ: Маросимҳои дигари наврӯзи дар Ёгед ба чӣ шева баргузор мешаванд?

Рустами Содиқиён: Баъди анҷоми маросими «шаби бурвеҷ» ва «дух-духи бор» вақте, ки субҳ медамад, мардум ба хона мераванд, сару либоси кӯҳнаашонро монда, либоси наву тозаро ба бар мекунанд. Пас аз ин маросими тухмгузаронӣ оғоз мешавад, ки хоси писарон аст. Писарон тухм гирифта ба хешу табор ва меҳмонҳое, ки он ҷо ҳузур доранд, тақдим мекунанд.Тақдими тухм рамзи худашро дорад. Тухм шабеҳи замин, куррашакл ва сафед асту тақдими он рамзи таманнои бахту иқболи сафед ва хайру баракату сериву пурӣ дар тамоми оламро дорад
.
Аммо духтарон дар ин субҳ маросими ордгузаронӣ анҷом медиҳанд. Духтарон дар косае орд гирифта, болои он тухм мегузоранд ва косаи ордро ба ҳамсояҳо ва ё хешу табор медиҳанд.Бузургӣ ва шаҳомати Наврӯз боз он ҳаст, ки дар деҳа баъзан занҳо бо ҳам ҷанҷол мекунанд, бо ҳам қаҳрӣ мешаванд, дар рӯзи Наврӯз тавассути зани миёнрав ба ҳам орд тақдим мекунанд, кинаву кудурат ва буғзро аз дил берун мебароранд ва аз ҳамдигар бахшиш мепурсанд.

Боз маросими ордгирак аст, ки ин маросим хоси духтарон аст. Ҳанӯз пеш аз Наврӯз яке аз духтарон ба ҳамсолони худ муроҷиат мекунад, ки имсол навбати ордгираки ман аст. Ордгирак, яъне ба маънои даъват ба хона аст. Духтарон шаби дигари пас аз буреҷ ба хонаи ин духтар мераванд, бо сурудхониву байтбарак то субҳ мешинанад ва бо дамидани нурҳои офтоб ба домани кӯҳи Чорчаман мераванд ва дар он ҷо гули чағуз мечинанд, дар Афғонистон онро барафак мегӯянд, зеро он аз зери барф мерӯяд ва дар ҷумҳуриамон бо номи гули сияҳгӯш маъмул ҳаст, ин гул то Навруз мебарояд ва онро чинда ба хона меоранд ва модарону хоҳарони худ тақдим мекунанд. Ин гул нишонаи баҳор, нишонаи Наврӯз аст ва бо тақдими он ҳамдигарро ба Наврӯз табрик мегӯянд ва то бегоҳ ба дигар бозиҳо ба мисли арғуштакбозӣ машғул шуда, ба хонаҳо бармегарданд.

Озодӣ: Вале маросими ниҳолшинонӣ чӣ рамзе дорад ва оё Шумо худатон аз ин анъана пайравӣ кардед ?

Рустами Содиқиён: Мутаасифона, ин анъана аз байн рафтааст. Аз падарам, ки як одами фарҳангӣ, омӯзгори фанни забон ва адабиёт ва солҳо сарвари мактаб буд, шунидем, ки дар рӯзи Наврӯз писари хурдсоли ҳар як падар бояд ниҳол шинонад ва онҳоро ба самар расонад. Писарбачае, ки дар рӯзи Навруз ҳафт ниҳол босамар шинонда, калон мекунад, дар ҷавониаш ҳуқуқ дорад, ки дар рӯзи Наврӯз хонадор шавад. Бисёре аз гузаштагони мо мехостанд, ки фарзандонашон дар рӯзи Наврӯз хонадор шаванд. Онҳо дар ҷашн меваи ин ҳафт ниҳолро, аз тирамоҳ то баҳор нигоҳ медоранд, ба мардум пешниҳод мекунанд ва ҳуқуқи хонадор шуданашонро дар Наврӯз исбот мекунанд. Гузаштагони мо фикр доштанд, ки ҳар касе дар рӯзи Навруз хонадор шавад, ягон қувваи аҳриманӣ ба ин оила зиён расонда наметавонад ва он оила фарзандони солеҳ ба дунё меорад. Аз ин рӯ писарон кӯшиш мекунанд, ки ҳафт ниҳол шинонанд.

Озодӣ: Аммо дар рӯзи Наврӯз чӣ таманниёте ба мардум доред?

Рустами Содиқиён: Омӯзиши маросимҳои наврузӣ дар деҳоти дурдаст метавонад, паҳлӯҳои гуногуни ин ҷашни аҷдодиро кушояд. Ман дар ин рӯз ба мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва сарбаландиву сарфарозӣ таманно дорам ва мехоҳам, ки тамоми шукӯҳу шаҳомати оинҳои наврузӣ, ки баъзеашон аз байн рафтанд, аз нав эҳё шаванд.
XS
SM
MD
LG