Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе кишварҳои НАТО хостори амалиёт дар Сурияанд


Адмирал Ҷеймс Ставридис
Адмирал Ҷеймс Ставридис
Чанд кишвари узви НАТО имкони баргузории амалиёти низомӣ дар Сурияро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора адмирал Ҷеймс Ставридис, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо, дар нишасти кумитаи низомии Сенати ИМА хабар дод. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки ин гуна амалиёт бидуни қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ва ризояти ҳамаи 28 кишвари узви НАТО баргузор нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол бори аввал мақомоти Сурия мухолифини мусаллаҳро дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ ҳангоми мушакборони атрофи шаҳри Ҳалаб айбдор карданд. Хабаргузории давлатии SANA иттилоъ дод, ки дар мушакборони рӯзи сешанбе 19 март дасти кам 25 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод, ки тафтиши иттилоъ дар бораи истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар ин минтақаи Сурия алҳол ғайримумкин аст.
XS
SM
MD
LG