Пайвандҳои дастрасӣ

Бинои нав барои дипломатҳои тоҷик


Бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Имрӯз, ҷумъаи 15-уми март дар шаҳри Душанбе бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт ва нахуст бо шароити корӣ дар ин бино шинос шуда ва аз заҳмати бинокорон қадрдонӣ кардаст.

Сипас, президент дар толори бузурги бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, ки дорои 260 ҷойи нишаст аст, бо роҳбарият ва кормандони ин вазорат, сафирону раҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, собиқадорони соҳа ва корпуси дипломатии кишвар мулоқот кард ва дар суханроние роҷеъ ба татбиқи сиёсати хориҷии давлат ибрози андеша намуд.

Зимнан, бинои нави Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон дар паҳлӯи меҳмонхонаи Тоҷикистон ва дар рӯ ба рӯи Парчами Миллӣ, ки маҷмааи Кохи Миллатро ташкил медиҳанд, воқеъ гардидааст.

Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, дорои тамоми шароити корӣ барои кормандони вазорат, қабули меҳмонони хориҷӣ, маҷлису машваратҳо ва дигар чорабиниҳо мебошад.

Сохтмони бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 2, 5 соли пеш шурӯъ гардида, бо харҷи ҳудуди 73 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Аммо гуфта мешавад, маблағҳо барои сохтмони ин бино аз ҳисоби маблағҳои худи Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла даромадҳои хадамоти консулӣ, масраф шудааст.

Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар паҳлӯи чапи бинои порлумони Тоҷикистон муддати 20 соли ахир ҷойгир буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG