Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққоши маъруф Хушвақтов рӯзи 16 март дар Маскав ба хок супурда мешавад


Рӯзи шанбе, 16 март дар шаҳри Маскав маросими хоксупории нақоши маъруфи тоҷик Хушвақт Хушвақтов баргузор мешавад.

Пайвандони рассоми мардумии Тоҷикистон ва узви Академияи рассомони Русия қарор кардаанд, ки ӯро дар қабристони Троекуровскои шаҳри Москва дафн кунанд. Бо назардошти ин, сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Академияи рассомони ин кишвар расман ба шаҳрдори Москва Сергей Собянин, муроҷиат карданд, то барои дафни рассоми тоҷик дар қабристони Троекуровск қитъаи замин ҷудо кунад.


Сафорат иттиллоъ медиҳад, ки маросими видоъ бо рассоми машҳур рӯзи шанбеи 16-уми март, соати 12:30 дақиқа ба вақти Маскав дар беморхонаи ба номи Бурденко (ш. Москва, Госпитальная площадь, дом 3) дар назар аст. Хушбахт Хушвахтов, рассоми мардумии Тоҷикистон, шаби 13-уми март дар шаҳри Маскав пас аз бемории кӯтоҳмуддат дар синни 87-солагӣ даргузашт.

Ӯ соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ба дунё омада, дар Донишкадаи рассомии ба номи В.И. Сурикови шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Ӯ соли 1974 ба гирифтани унвони фахрии «Рассоми халқии ҶШ Тоҷикистон» шарафёб мегардад.

Хушвақтов фаъолияташро дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе оғоз карда, баъдан чанд муддат дар вазифаи раиси раёсати Иттифоқи рассомони кишвар кор кардааст. Марҳум муаллифи мусаввараҳои маъруфе чун «Хоруғ», «Ҳунармандони мардумӣ», «Абадият» буда, қисми зиёди маҳсули заҳматаш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод нигоҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG