Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Шӯрообод мехоҳанд роҳ бисозанд


Ҳукумати ноҳияи Шӯрообод мехоҳад роҳеро бисозад, ки метавонад назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро осонтару беҳтар кунад.

Ин роҳ то кунун вуҷуд надошт ва рафтуомади сарбозон тариқи мошин дар ин минтақа имконнопазир буд. Ин роҳ лаб-лаби соҳили рӯдхонаи Панҷ дидбонгоҳи Сари Ғори ноҳияро бояд то қисми сарҳадии Баҳорак бипайвандад.

Амирхон Икромов, раиси ноҳия дар як сӯҳбат гуфт, онҳо талош доранд, то ин роҳро хубтару беҳтар бисозанд ва сарбозону афсарон озодона марзи кишварро ҳимоят кунанд. Ин роҳ ба ҷуз осон кардани ҳимояи марз, инчунин барои коркарди конҳои тилое, ки дар ин мавзеъ мавҷуд аст, шароити хуб фароҳам меорад. Ҳоло қисмате аз ин роҳро мутахассисони чинӣ ба хотири коркарди тилло сохтаанд, аммо боқимондаи роҳро худи ҳукумати маҳаллӣ мехоҳад бисозад.

Ҷаноби Икромов мегӯяд, бо бунёди ин роҳ сокинони бештари ноҳия соҳиби ҷои кор мешаванд: «Дар ин мавзеъ конҳои тилло ҳаст, ки коркард нашудаанд. Ҳоло дар се кон мутахассисони тоҷику хитоӣ кор мекунанд. Ин роҳ ҳам оромиии сарҳадотро таъмин мекунад ва ҳам барои сокинон зиндагии хубро фароҳам месозад. Дар ин конҳо то 250 сокини маҳаллиро ҳоло бо ҷои кор таъмин кардан мумкин аст».

Роҳи мазкур қитъаи марзиеро убур хоҳад кард, ки дороии табии онро ба далели набуди назорати доимӣ аксаран сокинони Афғонистон ҷамъоварӣ мекунанд. Набудани ин роҳ ба гуфтаи масъулин назорати беш аз 35 000 ҳектор замини наздимарзиро мушкил мекунад.


Худойбердӣ Алиев
Худойбердӣ Алиев
Худойбердӣ Алиев, як афсари нерӯҳои марзбонӣ гуфта буд, ки назорати марзи Шӯрообод бинобар набудани роҳ хеле мушкил аст. Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабабе, ки роҳи мошингард вуҷуд надорад, тасмим аст, сарбозону афсаронро бо асп таъмин кунанд: «Аз соли 2012 ба нақша гирифта шудааст, ки сарбозони се дидбонгоҳро бо асп таъмин кунем. Дар шароити зимистони ин ноҳия барои назорати сарҳад асп хеле муҳим аст. Агар ҳам роҳ боз шавад ва ҳам сарбозон бо асп таъмин шаванд, нигаҳдории сарҳад боз ҳам хубтар мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳоло назорати сарҳад дар нисбат ба солҳои пеш хубтар шудааст».

Сабзалӣ Валиев, як сокини ноҳия низ мегӯяд, воқеан бунёди роҳ марзшиканиро коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, чун дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори минтақаи Кӯлоб лаб-лаби соҳили рӯдхонаи Панҷ роҳ вуҷуд дорад, дар ин навоҳӣ марзшиканӣ хеле камтар ба назар мерасад.

Марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон беш аз 150 километр буда, аз душворназораттарин қитъаи марзӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин ноҳия аз соҳили рӯдхонаи Панҷ, ки муайянкунандаи марз ҳисобида мешавад, дар масофаи дур ҷойгир шудааст. Сокинон ва масъулин умедворанд, ки бо анҷоми сохтмони ин роҳ, ки беш аз 10 километрро ташкил медиҳад, назорати марз осонтар мешавад.
XS
SM
MD
LG