Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мегӯяд, шӯришиёни Сурияро мусаллаҳ накунед


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Сурия як амали мухолиф ба қонунҳои байналмилалӣ хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, аз ҳузури тундравони исломӣ дар миёни ин шӯришиён нигарон аст, ки алайҳи ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд. Сергей Лавров дар ин бора баъди мулоқот бо Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё дар шаҳри Лондон сухан гуфт. Як рӯз пештар аз ин Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё гуфт, мумкин аст, кишвараш ба тамдиди таҳрими фурӯши силоҳ аз Иттиҳодияи Аврупо ба Сурия мухолифат кунад. Русия аз ҳомиёни асосии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия буда, монеъи таҳримоти Созмони Милал алайҳи Сурия шудааст. Дар дохили Сурия яке узви ҳайъати Иттиҳодияи Аврупро дар ҳамлаи мушакие дар ҳошияи шаҳри Бағдод кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG