Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оши маъракаи ёдбуди Нуриро ятимон хӯрданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони бахши танзими анъана ва расму маросимҳо ҳамроҳ бо кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур ба баргузории маъракаи оши ёдбуди Саид Абдуллоҳи Нурӣ монеъ шуданд ва деги ошро ба ятимхонаи Душанбе супориданд.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 14 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ба муносибати ёдбуди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дирӯз фарзандонаш дастурхон оростанд. Аммо баъди чанд вақт кормандони бахши танзими анъана ва расму оинҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт омада гуфтанд, ки «дар рӯзи корӣ баргузории маърака манъ аст. Ҳоло ки соат 11-и рӯз аст, баргузории ин маърака иҷозат нест.» Дар ҳамин ҳол кормандони милиса омаданд ва нагузоштанд, ки мардум вориди манзили устод Нурӣ шаванд. Милисаҳо ҳамаи меҳмононро аз назди дарвоза боз гардонданд ва гуфтанд, ки деги ошро беҳтараш ба ягон ятимхона баранд.

Ба нақли Саидумар Ҳусайнӣ, фарзандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ деги ошро ба ятимхонаи шаҳри Душанбе бурданд.

Дар ҳамин ҳол Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ҳангоме аъзои ҳизб мехостанд нишасти ёдбуди устод Нуриро дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ баргузор кунанд, вақти оғози ин чорабинӣ нерӯи барқ якбора хомӯш шуд. Онҳо маҷбур шуданд, ки маҷлисро дар толори торик бидуни баландгӯяк доир намоянд.

Аммо як намояндаи бахши танзими анъана ва расму маросимҳои Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ки мувофиқи қонун дар рӯзи корӣ дар соатҳои 11 то 12 баргузории ҳамагуна маъракаҳо, ба мисли оши худоӣ ва тӯй манъ аст. Азбаски баргузории маъракаи ёдбуди Саид Абдуллоҳи Нурӣ хилофи талаботи қонуни танзим буд, аз ин рӯ, масъулин нагузоштанд, ки он барпо гардад. Ба гуфти ин ҳамсуҳбати мо, оши маъракаи ёдбуди Саид Абдуллоҳи Нуриро ятимон хӯрданд, ки савобаш зиёдтар аст.
XS
SM
MD
LG