Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор дар бозор шаби гузашта рӯй дод ва онро сӯхторнишонҳо соати 8-и субҳ хомӯш карданд. “Дар ҷойи ҳодиса ҷасади ду зане ошкор шуд, ки дар қаҳвахонаи “Алёнушка” дар дохили ин бозор кор мекарданд. Ҳангоми сӯхтор фақат ин ду нафар дар қаҳвахона будаанд”, афзуд ӯ. Айни ҳол ҷасадҳо дар сардхонаи ноҳияи Голяново мебошанд ва ташхиси ҳуввияти онҳо идома дорад.
Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, корманди консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Манучеҳр Файзуллоев дар ҷойи ҳодиса бо бархе аз ҳамватанҳо, ки дар ин бозор кор мекунанд, мулоқот кардааст. Ба гуфтаи онҳо, яке аз қурбониёни ҳодиса Марҷона Шерова, зодаи деҳаи Яккатути ноҳияи Ҳисор аст.
Дипломати тоҷик гуфт, ки корманди консулгарӣ бо пайвандони Марҷона Шерова ҳам сӯҳбат кардааст ва шом падари Марҷона Акбар Шеров аз вилояти Липетск ба Маскав омад. Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе, 14 март, дар сардхонаи ноҳияи Голяново маросими шиносоии қурбониёни сӯхтор баргузор шавад. Падари Марҷона гуфтааст, ки мехоҳад баъд аз шиносоӣ ӯ ҷасади духтарашро ба Тоҷикистон барад. Қурбонии дуввуми сӯхтор – шаҳрванди яке аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи пайвандон, Марҷона ҳамагӣ як ҳафта пеш дар қаҳвахона кор пайдо карда буд. Ӯ як духтарчаи чаҳорсола дорад, ки ҳамроҳ бо бобояш дар Липетск зиндагӣ мекунад.