Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар интиқоли пул аз Русия дувум аст


Бинои Бонки Марказии Русия.
Бинои Бонки Марказии Русия.

Бонки марказии Русия ҳаҷми умумии маблағҳоеро, ки муҳоҷирини кории кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ ба кишварҳояшон дар соли 2012 интиқол додаанд, мушаххас кардааст.

Тибқи ин маълумот, ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Русия ба кишварҳои ИДМ расидааст 19,205 миллиард долларро дар бар мегирад. Феҳрасти мазкур дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр шудааст.

Бар пояи маълумоти ироанамудаи Бонки марказии Русия, дар бобати интиқоли маблағ аз Русия дар соли 2012, миёни кишварҳои ИДМ Узбакистон дар ҷои аввал қарор дошта аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 5 миллиарду 693 миллион доллар вориди ин кишвар шудааст.

Тибқи ин маълумотнома, Тоҷикистон дар мақоми дуввум қарор дошта, соли гузашта аз Русия ба ин кишвар 3 миллиарду 651 миллион доллар интиқол ёфтааст.

Украина дар ин маълумотнома бо 3 миллиарду 162 миллион доллар дар ҷои севвум қарор дошта, Қирғизистон--ҳамсоякишвари Тоҷикистон бо 1 миллиарду 859, миллион дар зинаи чаҳорум ҷой дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, дар нишасти хабарии 25-уми январ гуфта буд, ки дар соли 2012 муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи бонкҳо 3,8 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд. Соли 2011 интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 миллиард долларро ташкил медод.

Маблағи мазкур нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад ва дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бино ба пажӯҳиши ахири Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки 1,5 ҳазор хонаводаро фаро гирифтааст, 90 дарсад гуфтаанд, муҳоҷират муҷиби болоравии сатҳи зиндагонии хонаводаҳои онҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG