Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон аз бистари уқёнус газ истихроҷ мекунад


Ҷопон эълом кард, ки ба мутахассисони он муяссар шудааст, ки бори аввал аз бистари уқёнус гази табиӣ истихроҷ кунанд. Вазорати Иқтисод, Тиҷорат ва Саноати Ҷопон рӯзи сешанбе гуфт, гази табииро аз қаламравҳои обии кишвар дар Уқёнуси Ором истихроҷ карданд ва шӯълаҳои оташ аз лӯлаи газ берун мешуд. Корҳо барои истихроҷи газ аз бистари уқёнусро як консорсиум бо раҳбарии Ширкати Миллии Нафту Газ ва Фулуззоти Ҷопон моҳи феврали соли гузашта шурӯъ кард ва рӯзи сешанбе тавлиди озмоишии газро оғоз кардаанд. Дастоварди мутахассисони Ҷопон метавонад, дар ниҳоят ба тавлиди саноатии газ аз зери баҳру уқёнус оғоз бахшад, агарчӣ қимати он болотар хоҳад буд, зеро истихроҷи он кору пули бештар мехоҳад.
XS
SM
MD
LG