Додгоҳи ноҳияи Данғара рӯзи душанбе мурофиаи парвандаеро оғоз кардааст, ки дар он сокини деҳаи Исмат Шарифови ҳамин ноҳия Тоҷиддин Ғаниеви 38-сола дар қатли сокини дигари ҳамин деҳа Холбек Ҳотамови 75-сола айбдор дониста мешавад.
Орзу Ҳалимов, муфаттиши додситонии ноҳияи Данғара рӯзи 11-уми март ба радиои «Озодӣ» дар робита ба ин қазия гуфт, ки имрӯз шоҳидони ҳодисаи куштори сокини ноҳияи Данғара, омӯзгор ва пизишк Аҳмед Ҳотамов, ки 28 нафар ҳастанд, пурсида мешаванд.
Вай гуфт, тибқи тафтиши пешакӣ Тоҷиддин Ғаниев, ки дар қатли ҳамсояаш айбдор дониста мешавад, ба гуноҳи худ эътироф кардааст ва додгоҳи ноҳия рӯзҳои наздик ҳукми худро дар робита ба ин қазия эълон хоҳад кард.
Холбек Ҳотамов, аз наздикони табиби мақтул, мегӯяд, ки «ҳамсояи бародараш Тоҷиддин Ғаниев тақрибан чаҳор манзил дуртар аз вай зиндагӣ мекунад ва яке аз шабҳои моҳи октябр ба манзили Аҳмед Ҳотамови 75-сола даромада, ӯро дар ҷойгаҳи хоб бо санги тақрибан 2 килоӣ ба сараш задааст, ки косахонааш шикастааст. Боз як зарбаи дигар дар чашмаш мезанад, ки ба ҳуш наомада ҷон медиҳад.»
Ба гуфтаи Холбек Ҳотамов, бародараш Аҳмед Ҳотамов, ки нияти ҳаҷ кардан дошт, бо дастранҷи омӯзгорӣ ва пизишкӣ ҳудуди 5 ҳазор доллар маблағ ҷамъ карда буд, ки ҳамсояаш Тоҷикиддин Ғаниев ҳамаро бо худ бурдааст.
Холбек Ҳотамов аз қавли шоҳидон нақл мекунад, ки вақте писари Тоҷиддин Ғаниевро дар беморхона пизишк Аҳмед Ҳотамов муолиҷа мекард, ҳангоми аёдат аз забони пизишк мефаҳмад, ки маблағ ҷамъ овардаасту нияти ҳаҷ дорад. Ҳангоми пурсиши муфаттишон низ Тоҷиддин Ғаниев эътироф кардааст, ки дар мавриди пулдории пизишк Аҳмедов дар беморхона огаҳӣ ёфтааст.
Ҳоло наздикони Аҳмед Ҳотамов изҳори норозигӣ мекунанд, ки додгоҳи ноҳияи Данғара бо ҳар баҳона баргузории мурофиаро ба таъхир меандозад. Танҳо ҳамин рӯз мурофиа баргузор шуда ва он ҳам на дар бинои суди ноҳия, балки дар идораи ҷамоат сурат гирифтааст.