Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори таҳримшудаи Эрон вориди Аврупо шуд


Вазири умури дохилии Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор бо вуҷуди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, вориди Вена шуд.

Мустафо Муҳаммад Наҷҷор, вазири умури дохилии Эрон шоми шанбе барои ширкат дар нишасти солонаи Комиссияи маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид, вориди Вена шуд.

Номи Мустафо Муҳаммад Наҷҷор, ки генерали Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон аст, дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи мақомоти эронӣ қарор дорад ва вай бар асоси таҳримҳо ҳаққи сафар ба кишварҳои узви ин иттиҳодияро надорад.

Бо ин вуҷуд, эълом шудааст, ки вазири умури дохилии Эрон бо даъвати Созмони Миллали Муттаҳид ба Австрия сафар кард ва дар ин ҳолат имкони татбиқ шудани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ӯ вуҷуд надорад.

Пеш аз ин Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷӣ ва Рустам Қосимӣ, вазири нафти Эрон низ, ки номҳои онҳо дар феҳристи аввалияи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди Эрон дарҷ шуда, ба Вена сафар карда буданд.
XS
SM
MD
LG