Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки дар Қайроққум ба мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC омодагӣ мебинад, 10-уми март дар бозии санҷишӣ бар тими «Уротеппа» (собиқ «Далерон»)-и Истаравшан, қаҳрамони вилояти Суғд, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ба голи Илҳом Баротов, бозигари дастаи «Уротеппа» (дар дақиқаи 6-ум), нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон ва тими «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев дар нимаи дувум бо ду гол (дақиқаҳои 48-ум ва 80-ум) посух дод.


Бозии санҷишӣ

Мунтахаби Тоҷикистон - «Уротеппа» - 2:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 6 (0:1). Дилшод Восиев, 48 (1:1). Дилшод Восиев, 80 (2:1).
Мунтахаби Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев (Абдулазиз Маҳкамов, 46), Соҳиб Саванқулов, Наим Улмасов (Сиёвуш Асроров, 46), Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳмадалӣ Содиқов, Дилшод Восиев, Аҳтам Назаров (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Иброҳим Рабимов (Умедҷон Шарифов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Юсуф Рабиев.

10-уми март. Қайроққум. Варзишгоҳи «Баҳористон». 100 тамошогар.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG