Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович 17-18 март аз Тоҷикистон боздид мекунад


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина 17 март барои боздиди дурӯза ба Тоҷикистон меояд.

Януковия бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар интиҳои мулоқоти ҷонибҳо ҳайатҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар бахши маориф як силсила ҳуҷҷатҳо имзо кунанд.

Бори ахир раҳбари Украина 2-3 сентябри соли 2011 барои ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ё СНГ аз Душанбе боздид карда буд.

Бахши энержии Тоҷикистон бо корхонаи турбинаҳои Харкови Украина ҳамкорӣ мекунад ва Тоҷикистон қисмҳои зарурии ниругоҳҳои худро аз ин корхона мегирад.
XS
SM
MD
LG