Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус ба ёди Чавес мотам дорад


Ҳуго Чавес ва Александр Лукашенка (июни соли 2012)
Президенти Беларус Александр Лукашенка бо ишора ба марги президенти Венесуэла Ҳуго Чавес ҳамаи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон-8-уми мартро лағв кард. Дар Беларус аз 6-ум то 8-уми март рӯзҳои мотам ба ёди Ҳуго Чавес эълон шудааст. Чавес ҳафтаи равон дар шаҳри Каракас даргузашт.
Рӯзи чоршанбе мири шаҳри Минск Микалай Ладутска пешниҳод кард, ки яке аз кӯчаҳои пойтахти Беларус ба номи Чавес гузошта шавад, зеро ӯ барои мардуми ин кишвар кори зиёдеро ба анҷом расондааст. Чавес борҳо ба Беларус сафар карда, якчанд санади ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газро ба имзо расонидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG