Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Молдавия ба ҳукумат нобоварӣ изҳор кард


Влад Филат
Рӯзи сешанбе парлумони Молдавия ба ҳукумати нахуствазир Влад Филат изҳори беэътимодӣ кард. Акнун бояд тайи се рӯз нахуствазир аризаи истеъфои худ ва ҳама аъзои ҳукуматро ба раисиҷумҳур пешниҳод кунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Кишинёв иттилоъ дод, ки изҳори беэътимодӣ ба ҳукумат ибтикори мухолифин аст ва аммо ба он бархе вакилон аз Ҳизби демократии шомил ба эътилофи ҳукмрон низ ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин вакилони мустақил, ки қаблан ҳизби коммунист ва ҳизби либерал-демократиро тарк карда буданд, барои изҳори нобоварӣ ба ҳукумат раъй доданд.

Нахуствазир Влад Филат гуфт, ки намехоҳад ин тасмимро арзёбӣ кунад, зеро ба он бояд шаҳрвандон баҳо диҳанд. Ҳамзамон ӯ ин тасмимро “бемасъулиятии том” номид.

Раисиҷумҳури Молдавия, тибқи Қонуни асосии кишвар, барои пешниҳоди номзадии нахуствазир ва ҳукумати нав 45 рӯз вақт дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG