Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайрат Мираҳмадов: «Мекӯшем, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC сазовор намояндагӣ кунем”


Ғайрат Мираҳмадов - сармураббии дастаи «Равшан» ва Одил Эргашев - капитани ҳамин даста
Ғайрат Мираҳмадов - сармураббии дастаи «Равшан» ва Одил Эргашев - капитани ҳамин даста

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро рӯзи 6-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун анҷом медиҳад.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи “Равшан” - қаҳрамони Тоҷикистон ва тими “Ал-Рамза” - барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, рӯзи чоршанбе соати 15 шурӯъ мешавад. Садҳо мухлисони “Равшан” ба шаҳри Хуҷанд барои дастгирии дастаашон омадаанд.

Пеш аз ин бозӣ рӯзи 5-уми март дар шаҳри Қайроққум, дар Маҷмааи таълимиву тансиҳатии Бонки миллии Тоҷикистон, нишаcти матбуотӣ бо ширкати сармураббиён ва капитанҳои дастаҳо баргузор шуд.

Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии дастаи «Равшан», дар ин нишаст ба хабарнигорон гуфт: «Омодагиро ба Ҷоми АФК мо ҳанӯз моҳи январ шурӯъ карда будем. Якчанд марҳилаи омодагиро дар Кӯлоб, Норак ва дар ин ҷо, дар Қайроққум, анҷом додем. Вазъи фаъолияти бачаҳо хуб аст, ҳама ба мубориза омодаем. Мо ба бачаҳои худ бовар дорем, ки онҳо Тоҷикистонро дар Ҷоми АФК сазовор намояндагӣ мекунанд. Дар ин мавсим ҳайати дастаи моро Давронҷон Тухтасунов, Абдусамад Ҳоҷибоев ва Сайриддин Ғаффоров пурра гардонданд. Дар бораи рақибамон - «Ал-Рамза»-и Урдун маълумоти хеле кам дорам. Мо кӯшиш намудем, ки сабти навори бозиҳои ин дастаро дастрас кунем, вале, мутаассифона, ин корро карда натавонистем. Бинобар ин, ман дар бораи рақибамон чизе гуфта наметавонам. Ва аммо кӯшиш мекунем, ки муқобили рақиб бозии хуб нишон диҳем. Мо ба дастгирии мухлисонамон хеле ниёз дорем.”

Одил Эргашев, капитани дастаи «Равшан», ба хабарнигорон гуфт: «Мо ба бозӣ бо рӯҳияи баланд ва хеле ҷиддӣ омодаем. Мо рақибро эҳтиром мекунем, вале пеш аз бозӣ тарс надорем. Бо ҳама гуна даста бозӣ кардан мумкин аст ва танҳо баҳри ғалаба бозӣ хоҳем кард. Ба ин нигоҳ накарда, ки мо дар Хуҷанд бозӣ мекунем, бисёр умедворем, варзишгоҳ аз мухлисон пур мешавад ва дар навбати худ мо тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳоратамонро баҳри он равона мекунем, ки тамошогаронро маъюс насозем.”

Билол Ал-Лаҳам, сармураббии тими «Ал-Рамза”, дар ин нишаст чунин ибрози назар кард: «Ба мисли «Равшан» мо барои аввалин бор дар Ҷоми АФК бозӣ мекунем. Дар бораи рақиб ягон тасаввурот надорам. Ман намедонам, ки онҳо чӣ гуна бозӣ мекунанд. Фикр мекунам, ки бозӣ шавқовар мегузарад. Дар бораи дастаи худ бошад, гуфтаниам, ки дар дархости мо чаҳор легионер – ду нафар аз Кот-д’Ивуар, якнафарӣ аз Лубнон ва Сурия мебошанд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии миллии кишвари худ мо алъон дар ҷойи чаҳорум қарор дорем. Боз панҷ бозии дигар мондааст. Мо ба Тоҷикистон шоми дирӯз ба воситаи Истамбул омадем. Парвози мо тӯлонӣ ва хастакунанда буд. Дирӯз мо дар варзишгоҳе, ки бо “Равшан” бозӣ мекунем, тамрин кардем. Ба ман шахсан варзишгоҳ писанд омад, майдонаш бад нест, бозӣ карда мешавад. Мо ба Тоҷикистон на ба ҳайси сайёҳ, балки барои се имтиёз омадаем.”

Солеҳ Диабат, капитани дастаи «Ал-Рамза», гуфт: «Дар бораи чемпионати Тоҷикистон ман чӣ гуфта метавонам? Ҳеҷ чиз. «Равшан» барои мо тамоман ношинос аст. Бартарии рақиб дар он аст, ки дар ҳузури мухлисонаш бозӣ мекунад, вале ба ин нигоҳ накарда мо мекӯшем, бар “Равшан” ғолиб шавем ва бо табъи хуш ба хона баргардем.”

Дар ин бозӣ футболбозони «Равшан» бо либоси рангаш бунафш ва бозигарони Урдун бо либоси кабуд ба майдон меоянд.
XS
SM
MD
LG