Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адибаи Азиз: "Таҳияи “Садафрезаҳо"-ро идома медиҳам"


Адибаи Азиз
Адибаи Азиз

Адибаи Азиз дар доираи адибони ҷавони тоҷик аз қаламкашони боистеъдодест ва машқи шеърро аз даҳсолагӣ шурӯъ кардааст.

Шеъри вай аз кӯдакӣ то ба имрӯз ҳамзамон бо худаш ба камол расидааст ва дар чаҳор-панҷ соли охир вай, бо вуҷуди мушкилоти молӣ, чанд китоби шеър ба нашр расондааст.

Китобҳои ашъораш бо номҳои “Сад барги ҳиҷрон” (соли 2007), “Парандаҳои қафасӣ” (соли 2008 дар Маскав), “Тулӯъ дар бандар” (соли 2009), “Заршохаҳои ишқ” (соли 2011) ва ҳамин китоб дар соли 2012 бо кӯмаки сафорати Афғонистон дар Душанбе ба хати форсӣ ба нашр расидаанд.

Ҳоло китоби дигари ашъораш бо номи “Модагург”, ки аз номи як шеъраш гирифта шудааст, дар Машҳади Эрон дар дасти чоп аст. Адиба, ҳамзамон, соли севум аст, ки ба навиштани романе бо номи “Дақиқаҳои раҳгузар” машғул аст.

Дар ин авохир номи Адибаи Азиз, шоираи ҷавони тоҷик ва корманди телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт”, замоне сари забонҳо омад, ки дар ҷараёни пахши як барномаи адабӣ фиристандаи мавҷҳои телевизионӣ аз кор монд ва пахши барнома қатъ шуд.

Дар ин барнома Адиба бо Гулрухсори Сафӣ, шоираи номовари тоҷик, сӯҳбат мекард. Сӯхтани фиристандаи мавҷҳо кори фаннист ва чунин пешомад дар ҳар ҷо метавонад рух диҳад. Вале дар лаҳзае, ки пахши барнома қатъ шуд ва пардаи сиёҳ телевизионро фаро гирифт, эҳсосоти Адиба чӣ гуна буд?


ЛАҲЗАИ ҚАТЪИ БАРНОМА БАРОИ МАН МУШКИЛ БУД

Адиба: Барои ман бисёр лаҳзаи мушкил ва ғайриинтизор буд. Ман фикр кардам, ки танҳо телевизиони хонаи ман мушкил пайдо кардааст. Вале, вақте ки ба ман қаҳрамони барнома ва дигар дӯстонам занг заданд, дарёфтам, ки мушкил дар шабакаи мо ба вуҷуд омадааст. Ба телевизиони “Пойтахт” дар тамос шудам. Аз он ҷо ба ман гуфтанд, ки мушкил аз тарафи мавҷфиристанда ба вуқӯъ пайвастааст ва мо бояд интизор бошем. Рости гап, чанд муддат интизор шудем, аммо ин мушкил рафъ нашуд. Фардо субҳ ман барвақт ба коргоҳ омадам ва аз кормандони техникӣ, аз ононе, ки бевосита рафта фиристандаро дидаанд, дарёфтам, ки ин фиристанда аз давраи Шӯравӣ аст. Ин ҳолати техникист ва рабте ба барномаи мо надоштаст. Хуб, ман ором шудам ва бо хонум Гулрухсор дар тамос шудам ва гуфтам, ки ин рабте ба барномаи мо надорад ва шумо худро дар ҳолати ногувор эҳсос накунед.

Озодӣ: Оё дар лаҳзаҳои аввал сару садоҳое ҳам буд, ки ин корро қасдан кардаанд, чун хонум Гулрухсор шоираест, ки ошкорбаён аст. Шояд сару садоҳое ҳам дар ҳамин бора буд?

Адиба: Сару садоҳо ҳамеша дар ҳама давру замонҳо буд. Ҳамеша моро ҳамроҳӣ мекунад. Барои ҳамин ман ба овозаҳое, ки дар байни мардуми авом ҳаст, эътибор намедиҳам. Ман ба раҳбарияти худ, ба ононе, ки ин масъаларо метавонанд ҳал кунанд, ба онҳо муроҷиат кардам. Ҳолати ман ҳам ногувор буд. То ҳанӯз зангҳои телефонӣ қатъ нашудаанд. Бояд воқеиятро гуфт.

Озодӣ: Адиба, оё аз ҷониби хонум Гулрухсор баъд аз сӯхтани фиристандаи мавҷҳо ва қатъи барнома озурдахотирӣ эҳсос намешавад?

Адиба: Ман дар садояшон нороҳатиро эҳсос кардам. Дигар ман бо он кас тамос нагирифтам, чун ман мунтазир будам, ки мавҷи телевизион барқарор шавад ва баъд тамос гирифта бигӯям, ки барномаро метавонед тамошо кунед. Ман дар пеши он кас худро ҳатто хиҷолатзада ҳисоб мекунам, чунки наворбардории мо беш аз як ҳафта тӯл кашид. Танзими барнома ҳам рӯзҳои зиёдро гирифт, мо заҳмат кашидем, интизории хуб доштем. Ин аз дӯстдоштатарин барномаҳои ман аст. Барномаи Сайф Раҳимзоди Афардиро барои худ чизи дӯстдошта медонам, мисли ин ки як чизи асил буд ва ман хеле аз таҳти дил кор кардам. Баъд аз он барнома дар бораи Гулрухсорро низ ҳамин тавр таҳия кардем.

Озодӣ: Хонум Адиба, агар фиристандаи мавҷҳо дуруст шавад, ин барнома дубора намоиш дода хоҳад шуд?

Адиба: Ин барнома барномаи баҳор аст, барномаи шеър аст. Бо сиёсат ягон сари кор надорад. Он лоиҳае, ки ман ба шабака пешниҳод кардам ва бар асоси ҳамин лоиҳа ман фаъолият дорам, омода кардани барномаҳои фарҳангист, ки бар пояи шеър сохта шаванд, на чизи дигар. Барои ҳамин барнома бо Гулрухсор низ саропо барномаи шеър буд, мавзӯи ватанпарастӣ буд, баҳору гулрез буд. Дигар чизе надошт, ки дар он ҷо ягон нуктаи беҷо меравад ё ба сиёсат омехта аст. Барои ҳамин, ман фикр мекунам, ки тасодуфан дар вақти пахши барномаи мо фиристандаи мавҷ аз кор афтод.


ЧАРО САБАБГОРИ ҚАТЪИ БАРНОМАРО МЕҶУСТАНД?

Баъд аз қатъи шумораи навбатии барномаи “Садафрезаҳо” дар шоми 24 феврали соли ҷорӣ баъзеҳо дар зеҳнҳои худ сабабгори қатъи барномаро меҷустанд. Дар чунин ҳолат ин гумонҳо низ пайдо шуда буд, ки шояд дар ин кор ҳукумат нақш дорад ва мусоҳиба бо хонум Гулрухсор гӯё писанди онҳо нест. То соатҳои пахши хабари дақиқ дар бораи сӯхтан ё аз кор афтодани фиристандаи мавҷҳо ҳатто сару садоҳое ҳам дар гардиш буд, ки гӯё бо чунин кор ҳукумат ба шаҳрдорӣ ҳушдор додааст. Вале ин гумонҳо комилан рад шуд ва Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба зудӣ эълон кард, ки қатъи барномаҳо сабаби фаннӣ дорад, фиристандаи мавҷҳо сӯхтааст ва масъулони фаннӣ ин мушкилро ҳал мекунанд.

Вай дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт: “Масъулиятро кормандони Радиотелеком низ дарк мекунанд, ҳар чӣ зудтар фиристандаи мо дуруст мешавад, то оне, ки фиристандаи нав ҳам ояд”.

Дар давоми ду моҳи ахир аз телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт”, ки марбут ба шаҳрдории Душанбест, чеҳраҳои фарҳангиву ҳунарие ба намоиш гузошта шуданд, ки муддатҳо ҳаводорон онҳоро аз шабакаҳои дигари телевизионӣ надида буданд.

Аз ҷумла, дар муддати кӯтоҳ ин шабака дар барномаи фарҳангии “Садафрезаҳо”, ки гардонандагии онро Адибаи Азиз бар ӯҳда дорад, аз зиндагиву эҷоди шоирон Мӯъмин Қаноат, Искандари Хатлонӣ, Шаҳриёр, Ахавони Солис, Сайф Раҳимзоди Афардӣ пахш шуд.

Барномаи ахир ба кору зиндагии хонум Гулрухсори Сафӣ ихтисос дошт. Хонум Гулрухсорро дар ҷомеаи Тоҷикистон чун шахсияти озодбаён мешиносанд ва ҳамин ошкорбаёнӣ дар гузаштаҳо сабаби фосила гирифтани вай аз доираҳои расмӣ шуд.


ТАҲИЯИ “САДАФРЕЗАҲО”-РО ИДОМА МЕДИҲАМ

Адиба мегӯяд, вай ба таҳияи шумораҳои ояндаи “Садафрезаҳо” идома медиҳад ва ҳамчунон шахсиятҳои машҳури фарҳангиро дар он ҳузур хоҳад дод. Дар ин барнома вай бо онҳо на аз сиёсат, балки аз ҳунар ва аз шеъру шоирӣ сӯҳбат хоҳад кард, чун худи вай низ аҳли шеър аст, шеъри муосири тоҷик, ки адабиёти ин солҳоро муаррифӣ хоҳад кард.

Адиба аз шоирони ин насл Сиёвуш ва Набиуллоҳи Суннатиро, ки сурудаҳояш бо номи Меҳрубон Роҳил чоп мешаванд, барои худ писандида медонад.

Аммо Холмаҳмад Мавлонов, адиби тоҷик, ки чанд китоби шеъри Адибаро виросторӣ кардааст ё муҳаррир будааст, мегӯяд, ки ташбеҳҳову тасвирҳо дар шеъри адиба хеле рӯшану барҷаста аст: “Агар ҷойгоҳашро дар доираҳои адабӣ баҳогузорӣ кунем, аз шоирони навруста яке аз беҳтаринҳояш ҳамин Адибаи Азиз аст. Бисёр ба ҷуръат ва ширин менависад. Шоир то азоб накашад ва ранҷ накашад, мо ҳамаамон аҳли қалам як зиндагии фақирона дорем. Вале ҷаҳони маънавӣ дигар асту ҷаҳони моддӣ дигар аст. Масалан, ҳоло дар миёни шоирони ҷавон ононе ҳастанд, ки манзили зист надоранд, дар иҷора менишинанд, вале шеърҳои ватанхоҳона мегӯянд, Ватанро дӯст медоранд”.


ШИРИНТАРИН ПУЛ ПУЛИ КИТОБҲОЯМ АСТ

Адиба ҳам мушкилоти худро эътироф мекунад ва мегӯяд, дар шароити кунунӣ чопи китоби осор мисли солҳои пешин нест, ки аз ҳисоби будҷаи давлатӣ ба табъ расонанд, балки ҳар кас ҳаққи чопро худаш пардохт мекунад. Адиба ҳам пули чопи китобҳояшро аз хонаводааш мегирад ва мегӯяд, хоҳаронаш ба вай кӯмак мекунанд.

Вале вай пулеро, ки аз фурӯши китобҳояш ба даст меорад, ба қавли худаш “ширинтарин” пул медонад: “Шояд ягона аз шоироне бошам, ки ширинтарин пул ҳамин пули китобро медонам. Хушбахт аз он ҳастам, ки ҳар вақт барои гирифтани пули китоб ба мағозаи китобфурӯшии Гулистон меравам, бо вуҷуди он ки дер-дер вақтҳои бепулӣ меравам, ягон вақт нашудааст, ки ман аз он мағоза дасти холӣ берун омада бошам. Ин пули китобҳои ман аст ва барои ман ширинтарин ва бобаракатарин аст. Ин пули шабзиндадориҳои ман аст, ин пули эҳсоси ман аст, ишқи ман аст. Ҳеҷ пул маро ба ин андоза хушҳол намекунад”.
XS
SM
MD
LG