Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Петербург 10 нафар тундгароёнро боздошт карданд


Кормандони махфии Хадамоти Амнияти Федеролии Русия ё ФСБ дар Санкт Петербург 10 нафарро ба эҳтимоли ҳамкорӣ бо гурӯҳи исломии Нурҷулар боздошт кардаанд.

Сухангӯи ФСБ дар Санкт Птербург мегӯяд, 5 нафари боздоштшудагон шаҳрвандони Русия, 4 нафар шаҳрвандони Озарбойҷон ва як нафар шаҳрванди Туркманистон будаанд ва онҳо рӯзи шанбе боздошт шудаанд.

Аз онҳо адабиёти ифротгароёна ба забонҳои русӣ ва туркӣ ба даст омадааст.
Ҷунбиши Нурҷуларро теологи қарни 20 Туркия Саид Нурсӣ ташкил карда буд. Ҳадафи онҳо ҷонибдорӣ аз ваҳдати ислом дар саросари ҷаҳон аст.

Фаъолияти ин ҷунбиш ба унвони созмони ифротӣ ва тундгаро дар соли 2008 дар қаламрави Русия мамнуъ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG