Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳамлаи чархболҳои НАТО-ро маҳкум кард


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи як чархболи нируҳои НАТО-ро маҳкум кард. Дар ин ҳамла ду кӯдаки то 7 солаи афғон кушта шудаанд. Чархболи НАТО онҳоро афроди Толибон пиндоштааст ва ба сӯяшон оташ кушодааст.

Ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе дар вилояти Урузгон замоне рух додааст, ки кӯдакон ҳайвоноти хонагии худро мечаронидаанд ва ҳезум ҷамъ меовардаанд.

Нируҳои НАТО мегӯянд, ки барои ин фоҷеа пурра масъулиятро бар дӯш мегиранд. Чунин ҳамлаҳо ғазаби мардуми маҳаллиро барангехтааст.

Дар вилояти Урузгон 1 100 нафар нируҳои Австралия мустақар мебошанд. Онҳо низ барои ин ҳодиса узр хостаанд. Вале мақомоти низомӣ мегӯянд, то ҳол рӯшан нест, ки ба сӯи кӯдакон нируҳои Австралия тир андохтаанд ё нируҳои Амрико.
XS
SM
MD
LG