Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганди Ҳагел ба ҳайси вазири дифоъи Амрико


Чак Ҳагел дар Пентагон
Чак Ҳагел дар Пентагон
Чак Ҳагели ҷумҳурихоҳ ба ҳайси вазири дифоъи Амрико дар маъмурияти Барак Обамаи демократ савганд ёд кард. Ҳагел дирӯз дар ин маросим бо муроҷиат ба ходимони Пентагон гуфт: Мо наметавонем ба ҷаҳон дикта кунем, вале мо бо ҷаҳон ба ҳам биоем. Мо бояд бо ёронамон раҳбарӣ кунем.” Номзадии Ҳагел рӯзи сешанбе бо фарқи хеле андаки оро тасвиб шуд. Ҷумҳурихоҳон ҳимояти ӯ аз Исроилро зери суол бурда, ҳадс мезананд, ки ӯ ба созиш бо Эрон майли беш аз ҳадд дорад. Ин сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ аз Небраска ва собиқадори ҷанги Ветнам ҷойгузини Леон Панетта шуд. Ҳагел замоне раҳбари Пентагон шуд, ки агар маъмурияти Обама ва Конгресс то рӯзи ҷумъа даст ба тавофуқ наёбанд, Пентагон ба коҳиши автоматии 46 миллиард доллар аз будҷаи низомӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG