Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дурнамои 7-солаи мубориза бо мухаддиротро қабул кард


Дурнамои миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул карда шудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир гуфт, ки президенти Тоҷикистон зери ин Барномаи стротегӣ имзо гузошт ва шоми дирӯз ин санад аз Дастгоҳи раисиҷумҳур ба дасти онҳо расидааст.

Бобоҷони Шафеъ, корманди Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 27-уми уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки Рустам Назаров, раиси ин Оҷонси бо ирсоли як нома ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки барномаҳои амали худро дар доираи Стротегияи 7-солаи Тоҷкистон дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухадидир таҳия намуда пешниҳод кунанд.

Бо дар назардошти афзоиши мизони ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухадир, густариши истеъмол ва истифодаи ғайритибии маводи мухаддир, зиёд шудани гирифторони ВИЧ СПИД дар кишвар, «Стротегияи мубориза бар зиди қочоқи маводи мухаддир» барои 7 соли оянда дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Дар «Стротегияи мубориза бо маводи мухадир» таъкид шудааст, ки Тоҷикистон унвони кишвари ҳамсоя бо Афғонистон дар баробари хатари истесоли рӯзафзуни маводи мухаддир қарор дорад ва ин таҳдид ба амнияти иҷтимоӣ ва беҳдоштии сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

​Дар ин санад гуфта мешавад, ки 70 дарсади шахсоне, ки ба қочоқи маводи мухаддир даст задаанд, афроди бекор ҳастанд ва ё шахсоне мебошанд, ки ҷои истиқомат надоранд. Ва тибқи оморе, ки пешинҳод шудааст, то 1-уми сентябри соли гузашта 7255 муътоди маводи мухаддир дар муассисаи наркологӣ ба қайд гирифта шудааст ва 4500 нафар ба норасоии масунияти бадан гирифтор ҳастанд.

Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар барномаи стротегии худ вазъи мудҳиши осори қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Осиёи марказиро нишон дода роҳҳои мубориза бо онро бо ҷалби кишварҳо ва Созмонҳои байналмиллаиро дар 7соли оянда зарур шуморидааст.
XS
SM
MD
LG